АМАЛИ САВОБ. Сокини 80-солаи ноҳияи Тоҷикобод 50 ҳазор сомонияшро барои кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон сарф намуд
ТОҶИКОБОД, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокини 80-солаи деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод Маҳтов Шарипова 50 ҳазор сомонӣ маблағи барои ҳаҷ пасандозкардаашро барои кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон сарф намуд.
Тибқи иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод Дилшод Саломов, сокинони деҳаи Гулистон солҳои зиёд ба мушкилии нарасидани оби нӯшокӣ гирифтор буданд. Хушбахтона, бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон ва сокинони деҳа бо маблағи зиёда аз як миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз мавзеи Дашти боқӣ дар масоҳати 18 километр барои 143 хоҷагии деҳаи Гулистон хати оби нӯшокӣ кашида шуд.
Бояд гуфт, ки дар баробари сокинону соҳибкорон дар ин кори хайр саҳми Маҳтов Шарипова низ калон аст. Чунки ин модар маблағи барои ҳаҷи фарзӣ захиракардаашро садақаи ҷория намуда, ба ин восита дар бартараф гардидани мушкилии сокинони деҳа саҳм гузошт.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод мегӯянд, ки сокинони ноҳия кори некеро пеша намудаанд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба ҷойи додани таом дар маросими ҳафту чил ва соли наздиконашон як гӯшаи деҳаашонро обод намоянд. Аз ҷумла, сокини Ҷамоати Қалъаи ноҳия Муҳаммад Исматов ба ҷойи додани таом дар маросими ҳафт бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ 3 километр роҳи деҳаашонро шағалпӯш намуд.
Соли 2025 даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба хотири ободонию созандагӣ ва муҳайё намудани шароити беҳтари зиндагӣ ба ин гуна амалҳои хайр машғул шуда, деҳаи худро обод намуданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






