ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мамлакати дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ин матлабро 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Барои тақвияти робитаи бозори меҳнат ва омода намудани кадрҳои рақобатпазир дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ чӣ бояд кард?
«Тибқи нақшаи нишондодҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2023-2027, шумораи аҳолӣ ба ҳисоби миёна 2,0-2,1 фоиз афзоиш ёфта, соли 2027 ба 11 097 ҳазор нафар мерасад, ки ин ба вазъи бозори меҳнат таъсири бевосита мерасонад. Мутаносибан шумораи захираҳои меҳнатӣ 572,0 ҳазор ва қувваи корӣ 227,1 ҳазор нафар афзоиш меёбад», — гуфт мудири шуъбаи таҳияи лоиҳаҳо ва кор бо грантҳои Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода.
Ба иттилои ӯ, интизор меравад, ки солҳои 2023-2027 аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба бозори меҳнат 222,6 ҳазор нафар ворид мегардад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ мутахассисон бояд мутобиқи талаботи бозори имрӯза омода карда шаванд.
Абдулғаффор Раҳмонзода тазаккур дод, ки таҳлили сифати омода намудани кадрҳои корӣ барои иқтисодиёти миллӣ нишон медиҳад, ки як гурӯҳ хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба талаботи корфармоён ҷавобгӯ набуда, ҳамзамон қисме аз ихтисосҳои ин зинаи таҳсил дар бозори меҳнат рақобатнопазир мебошанд. Ин аз сатҳи нокифояи маҳорати касбӣ ва мавҷуд набудани ҳамкории зич бо корфармоён шаҳодат медиҳад.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, аксари муассисаҳои таҳсилоти касбӣ кадрҳоро аз рӯи сохтори ташаккулёфта ва бо назардошти имконияти худ омода намуда, аз ҷониби онҳо афзалият ва раванди сохтории рушди истеҳсолот ва сатҳи иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо ба инобат гирифта намешавад. Ҳамин аст, ки норасоии кадрҳои баландихтисос нигоҳ дошта шуда, системаи амалкунандаи таҳсилоти касбӣ эҳтиёҷоти корхонаҳоро ба коргарон ва мутахассисони баландихтисос ба таври пурра қонеъ карда наметавонад. Ин дар навбати худ мушкилоти бокортаъминамоии хатмкунандагони муассисаҳои таълимиро душвортар менамояд.
Тибқи таҳлили коршиносон, барои бо кор таъмин намудани мутахассисон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос бояд ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ ва корфармоён бештар гардад. Аммо имрӯз байни муассисаҳои таълимӣ ва корфармо ҳамкорӣ дар сатҳи нокифоя боқӣ мондааст.
«Иштироки сохторҳои тиҷоратӣ дар ташаккули барномаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки таҳсилот ба таҷриба нигаронида шуда, ба талаботи истеҳсолоти амалкунанда наздик гардад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба омода намудани мутахассисон бо назардошти бозори меҳнат» омода намудани мутахассисонро бо назардошти талаботи бозори меҳнат ба танзим медарорад. Инчунин дар қонун ба масъалаи мустаҳкам намудани алоқа байни системаи таҳсилот ва бозори меҳнат, инчунин баланд бардоштани мавқеи корфармоён дар ҷараёни таълим диққати махсус дода мешавад.
Ҳамсуҳбати илова кард, ки иштироки корфармоён дар ҷараёни таҳсил шарти муҳим барои рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Ҳамкорӣ байни корфармоён ва муассисаҳои таълимӣ яке аз унсурҳои муҳими системаи омода намудани кадрҳо ба ҳисоб меравад. Танҳо тавассути саъю кӯшиши муштарак мумкин аст барномаҳое таҳия намуд, ки тавонанд ба нигарониҳои бозори меҳнати тағйирёбанда самаранок ҷавобгӯ бошанд. Барои мамлакатҳое, чун Тоҷикистон, ки дар давраи ислоҳоти соҳаи таҳсилот қарор доранд, иштироки корфармоён зарур мебошад. Бе ҳамкории зич бо корфармоён ташаккули кадрҳое, ки қобилияти дар шароити рақобати глобалӣ ва тағйирёбии техникӣ кор кардан доранд, мушкил мебошад.
«Дар шароити серамалии бозори меҳнат ва сатҳи баланди муҳоҷирати қувваи корӣ дар Тоҷикистон мустаҳкам намудани алоқаи байни таҳсил ва корфармоён афзалияти сиёсати давлат мебошад. Ҳамгироии корфармоён дар ҷараёни омода намудани кадрҳо рақобатпазирии хатмкунандагонро баланд бардошта, иқтисодиётро мустаҳкам ва бекориро дар байни ҷавонон кам менамояд. Иштироки фаъолонаи корфармоён дар системаи тайёр намудани кадрҳо дар баланд бардоштани рақобатпазирии ҷавонон, рушди бахши хусусӣ ва паст намудани муҳоҷирати меҳнатӣ мавқеи ҳалкунанда дошта метавонад», — тазаккур дод Абдулғаффор Раҳмонзода.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд






