Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад

Январь 16, 2026 10:17

ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об бо Иттиҳоди Аврупо беш аз пеш густариш диҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати энергетика ва захаираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин масъала дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари бахши ҳамкории Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Изабел Уриз Ҳэрнандес қарор гирифт.

Ҷонибҳо маҷмуи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ ва аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ба татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин замина аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетика ва захираҳои об таъкид карда шуд.

Мусоҳибон барои идомаи ҳамкории судманд ва густариши он дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 16, 2026 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад