Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад

Январь 21, 2026 10:48

ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият  медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Масоили густариши ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар Душанбе дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳайати Бонки аврупоии сармоягузорӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва маблағгузорӣ барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум» ва лоиҳаи минтақавии «CASA-1000»-ро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар доираи лоиҳаҳои афзалиятнок тақвият бахшида, муколамаи доимиро идома диҳанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 21, 2026 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад