Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд

Январь 20, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ барои татбиқи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар вилояти Хатлон, марҳилаи 2» ба имзо расонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.

Созишномаҳо ба маблағи 10 миллион евро ба имзо расиданд, ки 6,4 миллион еврои онро маблағи қарзӣ ва 3,6 миллион евроро маблағи грантӣ ташкил медиҳад.

Ҳадафи асосии лоиҳа харидани автобусҳои барқӣ ва таҷҳизот, сохтмони майдони таваққуфгоҳ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мебошад.

Созишномаҳо аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расонида шуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 20, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад