Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Январь 31, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Паёми Президенти Тоҷикистон – роҳнамои саодати халқ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Мирзотоҳир Набизода иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешниҳод гардид, барои тамоми ҷомеа, бахусус аҳли илму маориф санади муҳими сиёсиву стратегӣ ва роҳнамои амал маҳсуб мешавад. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои муҳими рушди давлату ҷомеа, аз ҷумла нақши ҳалкунандаи илм, такмили раванди таълим, сиёсати давлатии ҷавонон ва таҳкими худшиносии миллӣ бо таҳлили амиқ ва муайянсозии ҳадафҳои дарозмуддат ба таври возеҳ инъикос ёфтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон таъкид намуданд, ки ояндаи устувори давлату миллат мустақиман ба сатҳу сифати таҳсилот, рушди илми муосир, тавоноии кадрҳои омӯзгорӣ ва мутобиқати низоми маориф ба талаботи ҷаҳони муосир вобастагии зич дорад.

Дар идома дар мавзуъҳои «Иқтисоди рақамӣ ва саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ», «Паёми Президенти Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои обу тағйирёбии иқлим» ва «Паём – сарчашмаи худшиносиву худогоҳии миллӣ» маърузаҳои илмӣ пешниҳод шуданд.

Дар маърузаҳо масъалаҳои нақши иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир дар рушди саноат, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат, захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, аҳамияти илм ва ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ҳамзамон Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими арзишҳои миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва болоравии сатҳи маърифати сиёсию фарҳангии ҷомеа арзёбӣ карда шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Январь 31, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид