Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ гардид

Январь 8, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар вохӯрии Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода бо намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико- директори шуъбаи INL Брайан Гиллеспи, директори шуъбаи сиёсӣ Ребекка Кучеравӣ ва роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Виктор Летенко мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, инчунин кӯшишу тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 8, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд