Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои бандҳои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026» кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара ба таври дастҷамъона ниҳолҳои пистаҳои хушкшударо дар 44 гектар барқарор карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷангали Тоҷикистон зиёда аз 81 ҳазор гектарро пистазор ташкил медиҳад. Дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026», ки яке аз ҳадафҳои он барқароркунӣ ва зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал мебошад, бунёди қитъаҳои доимии тухмипарварӣ ва плантатсияҳо идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ин барнома тасдиқ гардид.
Мақсади асосии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026»-нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасонии экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.
Бо амалӣ гардидани ин барнома бисёр мушкилоти соҳа ҳалли худро меёбанд. Зеро ҷангал ба пешрафти мамлакат, таъмини бехатарии озуқаворӣ, кам кардани таъсири гармшавии саросарӣ, захира ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва ободонии мамлакат, инчунин дарёфти ҷойи нави кор мусоидат мекунад.
Дар доираи ин барнома олимони тоҷик бо мақсади ба бозори дохилӣ мувофиқ кардани сифати маҳсулот корҳои селексионӣ ва ноҳиябандӣ кардани навъҳои нави пистаро мегузаронанд. Дар натиҷа зиёда аз 8 намуди писта дар ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Хуросон, Ваҳдат ва Варзоб парвариш ва масоҳати кишти он зиёд карда мешавад.
Натиҷаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар интихоби навъ ва шаклҳои пистаҳои маҳаллӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки навъи пистаҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати сифат аз навъи пистаҳои дар шакли боғ парваришшавандаи мамлакатҳои Эрон, Туркия, Сурия ва Калифорнияи ШМА камӣ надоранд.
Тибқи хулосаи олимони соҳа, шароити мусоиди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки на фақат талаботи дохилӣ бо ниҳолу тухмии навъу шаклҳои пурарзиши писта таъмин шавад, балки барои фурӯш ба берун аз ҳудуди мамлакат низ содирот гардад. Чунки тухми навъҳои пистаҳои серҳосили мо дар мамлакатҳои ҳамсоя низ талаботи зиёд дорад. Дар истеҳсолот васеъ ба роҳ мондани парвариши навъу шаклҳои ояндадори писта имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 8-10 сентнер расонда шавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






