Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғоз меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳри Панҷакент шинос шуда, бо собиқадорони ҳизбӣ вохӯрӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳими стратегӣ маҳсуб шуда, масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, таъмини амният, дастгирии занону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии миллии мардумро фаро мегирад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки бо назардошти Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон шудани соли 2026 масъулияти аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи ин ҳадафҳо дучанд мегардад. Барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аъзои ҳизб даъват шуданд, ки дар созандагию бунёдкорӣ саҳми муносиб гузоранд.
Иброз гардид, ки шаҳри Панҷакент яке аз марказҳои бостонии тамаддуни башарӣ буда, бо ёдгориҳои нодири таърихияш дар ҷаҳон маъруф аст. Ин диёри куҳанбунёд бозгӯкунандаи фарҳанги ғанӣ ва гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик мебошад.
Дар фарҷом як зумра фаъолон бо мукофотҳои ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






