Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?

Январь 15, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Воридоти тухмии зироати кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад», — чунин омадааст дар моддаи 15 ва зербанди 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки 1 декабри соли 2025 ба тасвиб расид.

Тухмипарварӣ

Яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии хушсифати зироат мебошад. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 128 хоҷагии махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироати кишоварзӣ фаъолият мекунанд, ки вазифаи асосии онҳо таъмини хоҷагиҳои ҷамъиятию инфиродӣ бо тухмии босифат, нигоҳдории навъҳо ва хусусияти биологӣ мебошад.

Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз дошт, ки «тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини кишоварзӣ дониста мешавад, зеро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи асосиро маҳз тухмии хушсифат ишғол мекунад».

Ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмии дараҷаи суперэлита тухмиеро меноманд, ки он то ҳол кишт нашудааст. Тухмие, ки бори аввал кишт гардидааст, онро элита мегӯянд. Он навъеро, ки ду  бор кишт шудаю аз он тухмӣ гирифта мешавад, дар соҳаи кишоварзӣ репродуксия меноманд.

Пиллапарварӣ

Пиллапарварӣ яке аз шуғлҳои қадимтарин ва соҳаи сердаромаду афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ нақши созгор дорад.

Имсол дар баробари дигар бахшҳои кишоварзӣ барои пиллапарварони мамлакат низ имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Ниҳолшинонӣ

Аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевагӣ баргузор мегардад. Инчунин баргузории ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Аз хориҷи мамлакат дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз ворид ва дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои ҳудуди шаҳр шинонида мешаванд. Дарахтони аз хориҷи мамлакат воридгардида танҳо бо тавсияи олимону мутахассисони соҳа вобаста ба мутобиқ буданашон ба иқлими шаҳри Душанбе ворид ва дар минтақаҳои гуногун шинонида мешаванд.

Ҳадафи овардани дарахтон аз хориҷи мамлакат таъмини сояафканӣ ва ҳамешасабзӣ дар фасли зимистон, гуногун ва беҳтар намудани экосистемаи шаҳрӣ мебошад.

Чорвопарварӣ

Тиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки 1 декабри соли 2025 ба тасвиб расид, соли 2026 ворид намудани чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.

Сардори Раёсати чорвопарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Ҳабиб ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамасола имтиёз ва барномаҳоро амалӣ менамояд. Рушди соҳаи чорводорӣ аз нигоҳубин, хӯронидан ва зиёд намудани насли он вобаста мебошад. Ҳоло саршумори чорво нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  6-7 фоиз зиёд аст.

Соҳаи чорводорӣ яке аз соҳаҳои стратегии мамлакат буда, рушди ин соҳа имконият медиҳад, ки сокинони мамлакат  бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гарданд.

«Аз соли 2013 инҷониб ворид намудани чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод мебошанд. Чорвопарварон аз ин имтиёз пурра бархӯрдоранд. Соли 2025 барои рушди соҳаи зотпарварӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат чорвои калони зотӣ ва моли майдаи зотӣ ворид гардид, ки ин ба беҳтар шудани сифати маҳсулоти чорво мусоидат менамояд. Ворид намудани чорво аз хориҷи мамлакат ба баланд бардоштани самаранокии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона гардидааст»,- гуфт Убайдулло Ҳабиб.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 15, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид