Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 96 тонна асал истеҳсол карда шуд

Январь 2, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 11 моҳи соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 ҳазору 737 оилаи занбӯри асал парвариш карда шуд. Дар ин давра 96 тонна асал истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  33 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 теъдоди оилаҳои занбӯри асал 2,5 ҳазор оила зиёд карда шуд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои амалисозии он ҳамасола тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

Дар доираи барномаҳои давлатию соҳавӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ки асоси таъмини амнияти ғизоӣ ба ҳисоб меравад, тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, садҳо гектар боғҳои мевадиҳанда бунёд ва коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ба истифода дода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 2, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид