Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар шаҳри Ҷакарта ду бозии санҷишӣ анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар бозии якум футзалбозони Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуданд.
Дар бозии дуюми санҷишӣ дастаи яккачини Тоҷикистон бар дастаи Индонезия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Тими миллии Тоҷикистон бозии охирини санҷиширо дар доираи машқҳои дастҷамъӣ дар шаҳри Ҷакарта 20 январ бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Узбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) рақобат менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






