РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 11.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Панҷакент чун яке аз қадимтарин шаҳрҳои минтақа бо таърихи чандҳазорсолааш маҳалли тамаддун ва ҳунармандӣ будааст. Мероси фарҳангии он, аз ҷумла осори бостонӣ, фарҳангу таърих, анъанаҳои ҳунармандӣ шаҳодати равшани маданияти баланди шаҳрдорӣ ва рушди ин макон аст. Дар ин ҷо ҳамеша ҳунармандон – чирадастоне зиндагӣ ва фаъолият мекарданд, ки бо санъати дастӣ, зебоии табиӣ ва офаридаҳояшон маъруф ҳастанд. Ҳамин аст, ки ҳунарҳои дастии ҳунармандони ин минтақа сайёҳон ва сармоягузоронро бештар ҷалб менамоянд.
Имрӯз низ шаҳри Панҷакент бо ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои қадимии тоҷикон шуҳрати хосса дорад. Яке аз ҳунарҳои машҳури ин шаҳр, ки дар мамлакат ва берун аз он шуҳрат ёфтааст, сӯзании Панҷакент мебошад. Сӯзанӣ як навъ ҳунари гулдӯзӣ аст, ки дар он ҳунармандон бо истифода аз риштаҳои ранга ва абрешим барои ороиш додани матоъҳо нақшҳои зебо месозанд.
Сӯзании Панҷакент бо нақшҳои табиӣ оро дода шуда, ҳар тасвир ё нақш маънои хос ва рамзи миллӣ дорад. Барои баргардонидани эҳсоси таърихии хунар ҳунармандони Панҷакент нақшҳои хоси гулдӯзии тоҷикона-«сӯзанӣ»-ро бо дасти худ эҷод мекунанд.
Маҳз ҳунари волои занони ҳунарманди ин шаҳр буд, ки соли 2025 аз ҷониби «Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ» шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид. Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сӯзанидӯзӣ аст, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент ҷой гирифтааст.
Дар ин замина ба муносибати ворид шудани Панҷакент ба Феҳристи «Шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ» дар шаҳри Панҷакент Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор гардид. Дар доираи фестивал намоиши сӯзании ҳунармандони ин шаҳр, хусусан ҳунармандони маҳаллӣ доир шуд.
Дар намоишгоҳ намунаҳои аслии сӯзании Панҷакент бо тарҳҳои замонавӣ ва анъанаҳои омехта ба тамошобинон нишон дода шуданд.
Занони ҳунарманди шаҳри Панҷакент дар ин фестивал сӯзание дар ҳаҷми шаш ба се метр омода карда, ба намоиш гузоштанд. Онро 35 нафар зани ҳунарманд бо шогирдонашон дар 25 рӯз бо панҷ миллион кӯк омода кардаанд.
Метавон гуфт, ки сӯзанӣ бо ин ҳаҷму нақш, ки ифодагари анъанаҳои қадимии сӯзанидӯзӣ дар ин минтақаи бостонии Тоҷикистон аст, орзую омол, дидгоҳи нақшофарон, неруи қавӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳунари волои занони тоҷикро ифода менамояд.
Коршиносони байналмилалӣ сӯзании Панҷакентро намунаи олии ҳунар ва таҳаммулпазирии занон номиданд. Ин намоишгоҳи хос, ки ба ифтихори ворид кардани Панҷакент ба Феҳристи «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» баргузор шуд, рамзи пайдарпайии наслҳо, ташаккул ва рушди ҳунарҳои дастии тоҷикон аст.
Дар маҷмуъ, Фестивали «Сӯзании Панҷакент» саҳми арзандаи фарҳангӣ буда, дар рушд ва эътирофи санъати ҳунарии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Панҷакент бо таърихи бой ва фарҳанги қадимии худ яке аз марказҳои бузурги санъат ва ҳунар дар Тоҷикистон аст. Саразми бостонӣ, ки зиёда аз 5500 сол дорад, яке аз ёдгории фарҳангии ҷаҳонӣ аст, ки таърихи гулдӯзӣ ва сӯзанидӯзии Тоҷикистонро дар худ ҷой медиҳад. Бо эътирофи Панҷакент ҳамчун «Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ» ин шаҳр ба маркази пешрафти фарҳанг ва ҳунар табдил ёфтааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад






