Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.
Иштирокчиён вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносию зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташвиқи китобхонию китобдӯстӣ, ҳамзамон барои дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки ҳамаи ин масъалаҳо дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардидаанд, сухан гуфтанд.
Таъкид шуд, ки бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди давлати ҳуқубунёду демократӣ ба ҳисоб меравад.
Иштирокчиён инчунин тарғиб ва таҳким бахшидани идеологияи миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон, ҳифзи идеологияи миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона ва идеологияи тахрибкорона, зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи амнияту суботи саросарӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани иродаи сиёсии миллатро муҳим арзёбӣ намуданд.
Иброз гардид, ки ҳифзи истиқлолияти миллӣ, рушди давлати дунявӣ, аз байн бурдани ҷаҳлу хурофот, пешгирии гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва муҳимтар аз ҳама, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ба шумор меравад.
АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе»


















Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд






