Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, маориф ва идоракунии давлатӣ 20 январ зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз тамоюли мусбати рушди робитаҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, афзоиши назарраси гардиши савдои дуҷонибаро дар соли 2025 ҳамчун нишондиҳандаи муҳим таъкид карданд.
Иброз гардид, ки таҳкими ҳамкории иқтисодӣ бо шарикони байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо истифодаи васеи имтиёзҳои тиҷоратии Британияи Кабир барои кишварҳои рӯ ба тараққиро барои густариши содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Британияи Кабир муносиб ва муҳим арзёбӣ карданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






