ҶИНОЯТКОРИИ ҶАВОНОН. Таъсири бозиҳои компютерӣ ва мушкилоти пешгирии иҷтимоӣ

Январь 4, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зиёдшавии ҷинояткории ноболиғон ва намояндагони гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазир дар ҷумҳурӣ дар панҷ соли охир (2020-2024) нигаронкунанда буда, ба равандҳои мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла сатҳи маҳдуди назорати иҷтимоӣ, коҳиши нақши муассисаҳои тарбиявӣ ва оила, мушкилоти таълиму шуғл, инчунин нокифоягии тадбирҳои пешгирикунандаи давлатию ҷамъиятӣ алоқаманд мебошад. Ин дар маҷмуъ зарурати бознигарӣ ва такмили барномаҳои мақсадноки ҳифзи иҷтимоӣ, сиёсати ҷавонон ва механизмҳои барвақтии пешгирии ҷинояткориро тақозо мекунад.

-Раванди ҷаҳонишавӣ бо вуҷуди имконият ва ҷанбаҳои мусбате, ки барои рушди муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фароҳам меорад, ҳамзамон дорои пайомадҳои манфие низ мебошад, ки ба амнияти миллии давлатҳо, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона, ташвиқи фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмӣ, бетафовутӣ, худхоҳӣ ва руҳияи бартариҷӯӣ тавассути филмҳои хориҷӣ, намоиши мусобиқоти варзишии дорои хусусияти размӣ, аз ҷумла набардҳои тан ба тан (UFC, IMMAF, WMMAA, MMA World, Bellator MMA, ONE Championship (One FC), ), инчунин паҳншавии бозиҳои компютерии гуногун (Counter-Strike ва Grand Theft Auto (GTA), Roblox, EA Sports MMA, Carmageddon) ба мафкураи ҳанӯз пурра ташаккулнаёфтаи ҷавонону наврасон таъсири манфӣ расонида, заминаҳои фосидшавии арзишҳои ахлоқию иҷтимоии онҳоро ба вуҷуд меоранд.

Яке аз омилҳое, ки ба содиршавии ҷиноятҳо дар байни ҷавонон таъсир мерасонад, паҳншавии густурдаи бозиҳои компютерӣ мебошад. Истифодаи бозиҳои компютерӣ, бахусус он навъҳое, ки дорои унсурҳои зӯроварӣ, таҷовузкорӣ ва беқадргардонии арзишҳои ахлоқию инсонианд, ба рафтори иҷтимоии ҷавонон ва наврасон таъсири манфӣ мерасонанд ва метавонанд яке аз омилҳои мусоидаткунанда дар содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо гарданд. Истифодаи мунтазам ва беназорати чунин бозиҳо боиси коста гардидани назорати худидоракунӣ, паст шудани сатҳи ҳисси масъулиятшиносӣ, одат кардан ба истифодаи зӯроварӣ ҳамчун меъёри муқаррарии рафтор ва заифшавии арзишҳои ахлоқӣ мегардад. Дар баробари ин, вобастагии равонӣ ба муҳити маҷозӣ метавонад муносибатҳои воқеии иҷтимоиро маҳдуд намуда, эҳсоси бетафовутӣ ба қонун ва меъёрҳои ҷамъиятию ахлоқиро таҳким бахшад. Ҳамин тавр, дар шароити набудани назорати муассири оилавӣ, таҳсилӣ ва иҷтимоӣ паҳншавии бозиҳои компютерии дорои хусусияти зӯроварӣ, таҷовузкорӣ ва ғайриахлоқӣ метавонад ҳамчун яке аз омилҳои ғайримустақими афзоиши каҷрафторӣ (девиантӣ) ва ҷинояткорӣ, махсусан дар байни гурӯҳҳои синну соли осебпазир баромад намояд.

«Counter-Strike» яке аз бозиҳои компютерие мебошад, ки саропо дорои унсурҳои зӯроварӣ, таҷовузкорӣ ва беқадргардонии арзишҳои ахлоқию инсонӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилӣ паҳн намудани ин бозиро манъ кардааст.

Таҳдиди ҷиддии замони муосир дар самти дохилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ вусъат ёфтани маҳз истифодаи бозиҳои компютерӣ ҳамчун воситаи паҳн ва таблиғи идеологияи зӯроварӣ, экстремизм ва терроризм, махсусан дар байни наврасон ва ҷавонон мебошад. Чунин бозиҳои компютерӣ, ки хусусияти экстремистӣ доранд, ба монанди «The Shitposter» дар Зеландияи Нав, «For Freedom Ichkeriya»: «BAMUT» ва «Roblox» дар Русия, «Wolfenstein» ва «Wolfenstein II»: «The New Colossus» дар Олмон, «Manhunt» дар ҳама давлатҳо», Six Days in Fallujah» дар баъзе давлатҳои Шарқи Наздик манъ карда шудаанд. Ин бозиҳои компютерӣ аксаран зери ниқоби фароғат ва рақобат пешниҳоди ҷавонон гардида, дар шуури ҳанӯз комилан ташаккулнаёфтаи ҷавонон тасаввуроти таҳрифшуда оид ба меъёрҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро ба вуҷуд оварда, майл ба ҳалли низоъҳо тавассути хушунат ва зӯровариро тақвият мебахшанд. Дар натиҷа арзишҳои ҳалли осоиштаи баҳсҳо, муколама ва таҳаммулпазирӣ тадриҷан коста гардида, рӯйгардонӣ аз роҳҳои қонунию мусолиматомези ҳалли мушкилот дар ҳаёти воқеӣ ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолат хавфи ифротишавии рафтор ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро ба таври ҷиддӣ меафзояд.

Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар шароити муосир аз бозиҳои маъмулии компютерӣ ҳамчун воситаи пинҳонии сафедкунии идеологияи терроризм, мағзшӯии ҷавонон, ҷалби онҳо ба сафи худ ва ҳатто таъмини дастгирии молиявии фаъолияти террористию экстремистӣ истифода мебаранд. Бо роҳи ворид намудани рамзҳо, қаҳрамонсозии зӯроварӣ, саҳнаҳои бозие, ки амалҳои террористиро «одӣ» ё «қаҳрамонона» нишон медиҳанд, ҷавонон тадриҷан ба муҳити идеологии радикалӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон истифодаи харидуфурӯши дохилибозӣ, туҳфаҳои рақамӣ ва низомҳои пардохтҳои онлайн метавонад ҳамчун манбаи ғайримустақими маблағгузории шабакаҳои террористию экстремистӣ хизмат намояд. Ин раванд барои амнияти миллӣ ва рушди солими ҷаҳонбинии ҷавонон хавфи ҷиддӣ ба вуҷуд оварда, зарурати таҳкими назорати ҳуқуқӣ, маърифати рақамӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар самти пешгирии ифротишавӣ тақозо мекунад.

Дар ҳамин замина пешгирӣ бояд ба таҳкими маърифатнокии рақамӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, назорати мазмуну муҳтавои бозиҳои компютерӣ, баланд бардоштани нақши оила ва муассисаҳои таълимӣ дар шинохти барвақтии аломатҳои ифротишавӣ равона карда шавад.

Ҳамзамон ҷалби ҷавонон ба фаъолияти созанда, аз қабили варзиш, фаъолияти илмӣ, эҷодкорӣ ва технологияҳои бехатари рақамӣ имкон медиҳад, ки фазои маҷозӣ на ҳамчун воситаи тундгароӣ, балки ҳамчун абзори рушди зеҳнӣ, иҷтимоӣ ва маънавии онҳо истифода гардад. Дар ин замина пешниҳод карда мешавад, ки барои ҳифзи ҷавонону наврасон ва пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи онҳо фаъолияти марказҳое, ки чунин бозиҳои компютериро пешниҳод мекунанд, қатъ карда шавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиноятҳо аслан аз тарафи шахсоне, ки дорои маълумоти миёна мебошанд, содир карда мешаванд. Дар «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ба масъалаи маърифатнокии аҳолӣ, бахусус гирифтани таҳсил, фароҳам овардани шароити дахлдор барои гирифтани таҳсил аз ҷониби ҷавонон диққати зарурӣ дода нашудааст ва ба ин масъала дар оянда диққат додан зарур аст.

Теъдоди зиёди шахсони дорои маълумоти миёна дар сохтори ҷинояткорон (соле то 14-15 ҳазор нафар) нишон медиҳад, ки сатҳи нокифояи донишҳои касбӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ яке аз омилҳои асосии хавфи ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои барномаҳои минбаъдаи давлатӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ ин маънои онро дорад, ки диққати асосӣ бояд ба такмили сифати таҳсилоти миёна, таҳкими тарбияи ҳуқуқӣ, рушди малакаҳои зиндагӣ, шуғл ва касбомӯзии ҷавонону наврасон равона гардад. Мавҷудияти ҳиссаи муайяни шахсони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус дар байни ҷинояткорон (аз 1373 то 2400 нафар) гувоҳӣ медиҳад, ки танҳо таҳсил кафолати пешгирии ҷиноят нест. Ин нишондиҳанда низ барои барномаҳои минбаъда аҳаммият дорад, зеро зарурати пайвастани сиёсати маориф бо тарбияи ахлоқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, таъмини шуғли арзанда ва назорати иҷтимоиро таъкид мекунад. Тағйирёбии ин нишондиҳандаҳо дар солҳои 2020-2024 собит месозад, ки «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва дигар барномаҳо бештар хусусияти умумӣ доранд ва ба гурӯҳҳои мушаххаси хавфноку осебпазир (аз рӯйи сатҳи маълумотнокӣ) мутобиқ карда нашудаанд.

Ин омор бозгӯи он аст, ки дар барномаҳои давлатии пешгирии ҷинояткорӣ бояд робитаи мустақими «маориф – шуғл – тарбияи ҳуқуқӣ – пешгирии иҷтимоӣ» ба назар гирифта шуда, барои ҳар зинаи таҳсил тадбирҳои мушаххас ва самаранок таҳия карда шаванд.

Нусратулло ҚУДРАТОВ,
сардори раёсати илм ва инноватсияи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

Январь 4, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
Дар даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» Давлатбӣ Каримова сазовори ҷойи аввал гардид
Дар Вазорати адлия хизматрасонии электронии тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ бо QR-рамз ба роҳ монда шуд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бемории санги гурда дар фасли зимистон авҷ мегирад
Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
Дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд
Кумаки молиявии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба модари Қобилҷон Алиев
Туҳфаҳои идонаи Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Муъминобод расонида шуданд