Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова бо якчанд коллеҷҳои шаҳри Жичжаои Чин ҳамкорӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова ва Коллеҷи касбии тандурустӣ ва солимгардонӣ, Коллеҷи касбии муҳандисии баҳрнавардии шаҳри Жичжаои Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Созишномаҳо дар Чин ҷиҳати тақвият бахшидани робитаҳои гуногунҷабҳа, баланд бардоштани сифати таҳсилот, табодули донишҷӯён ва ифтитоҳи маркази гиёҳшиносӣ барои тайёр кардани доруҳо аз гиёҳҳои шифобахш ба имзо расонида шуданд.
Директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова Зоир Ғафурӣ изҳор дошт, ки мақсад аз имзои чунин созишномаҳо иҷрои бандҳои эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) мебошад.
«Мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи касбии тандурустӣ ва солимгардонии шаҳри Жичжаои Чин барои боз ҳам тақвият бахшидани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ байни донишҷӯён корҳои муҳим, аз ҷумла, фаъол кардани маркази гиёҳшиносӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваро амалӣ намоем», -афзуд Зоир Ғафурӣ.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати тақвияти робитаҳои ду муассиса барои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ ва табодули таҷрибаи ҳамдигар тадбирҳои муҳим андешида мешавад.
Тибқи бандҳои Созишнома, байни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова ва Коллеҷи касбии муҳандисии баҳрнавардӣ ҷонибҳо дар самтҳои табодули донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон тибқи ниёзҳои илмӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак оид ба мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, баргузор намудани ҳамоишҳои илмии дуҷониба, табодули мақолаҳои илмӣ, маводи иттилоотӣ ва ғайра ҳамкорӣ менамоянд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






