Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 10.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ карда шудааст, моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад.
Озмун бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаронида мешавад.
Озмун бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат баргузор мегардад.
Осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари таърихи пурғановат ва пурифтихори миллати тоҷик, инъикосгари таърихи забону тамаддун, муаррифи фарҳанги бою ғании миллати тоҷдору куҳанбунёди мо мебошад. Мутолиаи ин асарҳо моро бо сарнавишти миллату давлат шинос намуда, талошу заҳматҳои халқи фарҳангсолор ва куҳантамаддуни тоҷикро барои аз даст надодани забону фарҳанги худ инъикос менамояд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар даври ҷамъбастии озмун беш аз 200 довталаб аз муассисаҳои миёна ва олии касбии мамлакат иштирок намуда, 9 нафар ғолиб дониста шуд. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо маблағи 20 000 сомонӣ, 15 000 сомонӣ ва 7 500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин 10 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






