Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC) Лок Баҳодур Тапа мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо зимни мулоқот роҷеъ ба авлавияти Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, аз ҷумла тақвияти ҳамоҳангӣ дар низоми Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор мубодилаи афкор намуданд.
Ҳарду ҷониб зимнан ба масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла аҳамияти онҳо барои рушди устувор, тобоварии иқлим ва ниёзҳои кишварҳои осебпазир, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи махсус доданд. Дар ин замина уҳдадориҳои мамлакат барои пешбурди ҳамкории ҷаҳонии об ва амалҳо барои татбиқи Ҳадафи 6-уми рушди устувор, хусусан зимни Форуми сиёсии сатҳи баланд таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот намояндаи доимӣ даъватномаи расмиро барои иштирок дар 4-умин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид супорид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд






