НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 64 давлати ҷаҳон молу маҳсулот содирот гардид
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 64 давлати хориҷаи дуру наздик молу маҳсулоти ватанӣ содирот шуда, Нидерланд, Швейтсария, Чин, Узбекистон ва Туркия дар панҷгонаи аввал қарор доранд. Дар ин хусус имрӯз директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Баҳриддин Сироҷиддинзода тазаккур дод, ки дар ин давра ҳам номгӯи маҳсулоти ватанӣ ва ҳам давлатҳое, ки ба онҳо молу маҳсулот содирот карда мешавад, тамоюли рӯ ба афзоиш дорад.
Содироти молу маҳсулот соли 2025 бе назардошти металлҳои қиматнок 2149,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 549,4 миллион доллар зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии содирот 96,8 фоизро маҳсулоти саноатӣ ва 3,2 фоизро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил додааст. Содироти маҳсулоти саноатӣ 2408,6 миллион долларро ташкил дод, ки 517,9 миллион доллар нисбат ба соли 2024 афзоиш ёфтааст.
Соли 2025 аз ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 190,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 79,2 миллион доллар содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2024 22,5 миллион доллар зиёд мебошад. Маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби меваи хушк 46,5 миллион доллар, меваҷот 20,7 миллион доллар, сабзавот 5,2 миллион доллар ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 6,8 миллион доллар содирот шудааст.
Содироти меваи хушк дар давраи ҳисоботӣ 46,5 миллион долларро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба маблағи 14,8 миллион доллар зиёд мебошад.
Содироти меваҳо, аз ҷумла ангур, зардолу, писта, олуболу ва гелос, олу, шафтолу, лимӯ, хурмо, чормағз, себ ва ғайра дар ин давра ба 20,7 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи 7,6 миллион доллар зиёд аст.
Директори Агентии содирот вобаста ба соҳаи пахтакорӣ маълумот пешниҳод намуда, иброз дошт, ки ҷудо намудани маблағгузории имтиёзнок барои ҳавасмандгардонии соҳаи пахтакорӣ ва коркарди саноатии пахта, ки рушди устувори ин соҳаҳо зери таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат қарор дорад, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Аз ҷумла, ҳамкории зичи Агентии содирот бо Корпоратсияи байналмилии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷоратии Бонки исломии рушд (ITFC) ба роҳ монда шуда, дар айни замон барои ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои ҳавасмандгардонии соҳаи пахтакорӣ корҳо пеш бурда мешаванд.
«Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот бо ҷалби маблағгузории ширкатҳои хориҷӣ ва бе ҷалби маблағҳои давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҷмуъ 19 ҳазору 808 тонна нахи пахтаи ватанӣ ба маблағи умумии 28 миллиону 805 ҳазор доллар содирот гардид»,-гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид






