ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 январ дар ҷумҳурӣ бо сабаби шиддатёбии равандҳои атмосферӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ карда мешавад. Дар бештари ноҳияҳо бориши барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо барфи бошиддат меборад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ноҳияҳои водигию доманакӯҳи мамлакат ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва атрофи он, дар ағбаҳои кӯҳӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд бориши бошиддати барф дар назар аст.
Дар ноҳияҳои алоҳида фаромадани туман, бадшавии дурии биниш, зуҳуроти яхбандӣ, тӯфони барф ва мушкилшавии вазъи ҳаракати нақлиёт дар назар аст.
Пагоҳ инчунин дар ағбаҳои кӯҳӣ ва шоҳроҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ бориши бошиддати барф дар назар буда, тӯфони барф, тумани зич, яхбандӣ, бадшавии дурии биниш ва мушкилшавии вазъи ҳаракати нақлиёт пешгӯӣ карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 15-20 метр дар як сония ва дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон то 20-25 метр дар як сония мевазад.
Аз 21 то 23 январ бинобар сабаби бориши барф дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок (километрҳои 48-74, 80-81), минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






