ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд

Январь 13, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агар дар гузаштаҳо Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он таваҷҷуҳи кам  ё бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда намешуд. Хушбахтона, пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он Наврӯзе, ки таҷлилаш дар ҳолати ногувор ва қариб аз байн рафтан буд, тадриҷан ба таври пурра дар мамлакат ҷашни давлатӣ ва мардумӣ гардид.

— Ҳоло дар тамоми ноҳияҳо наврӯзгоҳҳо сохта шудаанд. Акнун Наврӯзро дар кӯдакистонҳо, мактабҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, донишкадаҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳо, деҳаҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва амсоли ин бо шаъну шукуҳи хосса ҷашн мегиранд. Дар ҳама ҷо бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату ҳукумат ташаббускори ин ҷашн аст. Дар арафаи Наврӯз ва рӯзҳои ҷашни он шодмонии мардумро ҳадду каноре нест. Дар тамоми Тоҷикистон дар рӯзҳои Наврӯз мардум аз хона берун баромада, ба наврӯзгоҳҳо мераванду ба хушҳолии якдигар шарик мешаванд. Пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ҷойгоҳи худро дар сатҳи байналмилалӣ пайдо кард. Инак, марҳала ба марҳала аз баъзе лаҳзаҳои он, хосса аз хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи дубораи ҷашни Наврӯз ёдовар хоҳем шуд.

Ба вуҷуди он ки дар аввали солҳои 90-и садаи 20 мамлакатро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифта буд, мардуми баъзе минтақаҳои Тоҷикистон Наврӯзро хеле кам бо дили хоҳаму нохоҳам ба забон меоварданд. Дар солҳои 70-80 садаи 20 гоҳе теъдоди андаки одамон ба сайргоҳҳо, боғҳо, даштҳо ва кӯҳҳо баромада, шодмонӣ мекарданду халос. Вале бо талоши баъзе равшанфикрон дар солҳои 90-и садаи 20 дар матбуот низ мақола, шеър ва гуфтугӯю гузоришҳо дар бораи Наврӯз зиёд шуд. Аз хоҳишу навиштаҳои он солҳо  бармеояд, ки орзуҳои деринаи мардум ба таври густурда бояд амалӣ шавад, чунки касе мамоният ба Наврӯз надорад. Вале бо таассуф дар ҳамин солҳо баъзе шахсони мазҳабие, ки дар кишварҳои исломӣ маълумоти динӣ гирифта буданд ва зиёда аз ин шахсоне, ки аз кишварҳои исломии хориҷӣ ба давлати мо ворид шуданд, бар зидди Наврӯз таблиғҳо намуда, мегуфтанд, ки «Наврӯз исломӣ нест, ид кардани он раво нест». Ин гуфтаи онҳоро баъзеҳо пазируфта, ба ҷашн гирифтани Наврӯз мамониат нишон медоданд, вале зиёиёни мамлакат ба ақидаҳои онҳо муқовимат карда, тавассути воситаҳои ахбор дар бораи Наврӯз суханони бо меҳру муҳаббат баён мекарданд.

Солҳои 1992 ва 1993 вазъият дар мамлакат бад буд. Пас аз иҷлосияи  16-уми Шурои Олӣ умед ба ояндаи орому сулҳовар ва пешрафти тоҷикон ва Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳамин умед буд, ки баъди ҳамин иҷлосия зиндагӣ ранги дигар гирифт. Раиси Шурои Олии вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар соли 1993  бо меҳр мардуми ҷабрдидаро аз тариқи воситаҳои ахбор бо Наврӯз табрик намуда, гуфтанд: «Имрӯз ба сарзамини зиндагисоз баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад! Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад!».

Аз ин гуфтаҳо, ки соли 1993 садо дод, маълум буд, ки Тоҷикистон роҳи дурустро интихоб намудааст. Умед ба ояндаи дурахшон ва эҳёи бештари Наврӯз зиёд шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон сол дар идомаи ҳамон суханҳояшон пешомади ояндаи кишварро вобаста ба Наврӯз гуфта буданд: «Агар гӯям, ки зимистони сиёсие, ки аз Наврӯзи соли гузашта (манзур 1992) дар Тоҷикистони мо оғоз шуда буд, тирамоҳи соли гузашта, аз сессияи шонздаҳуми Шурои Олӣ рӯ ба баҳор овард ва имрӯз дар баҳори ҳақиқии зиндагӣ аввалин гулҳои он мешукуфад, ғалат намешавад».

Ҳамин тавр, сол ба сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сатҳ ва ҷойгоҳи Наврӯзро, ки ҷашни беназире барои пайванди табиат ва инсон дар ҷаҳон буда, пайванддиҳандаи мардумони гуногуни олам аст ва  инсондӯстию башардӯстӣ дар он ҳувайдост, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштанд. Соли 1994 Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Наврӯзи дилафрӯз идест, ки дар фасли гулшукуфти зиндагӣ омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро ба дилҳо пайванд месозад».

Дар солҳои 1995 – 2000 ҳар сол Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯз ҳатман аҳли мамлакатро табрик намуда, таъкид менамуданд, ки иди мазкур иди ваҳдати табиат ва инсон аст ва ба ҳеҷ гуна дину мазҳаб вобастагӣ ва тааллуқ надорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи воситаҳои ахбор дар гуфторҳои хеш таҳти унвони «Паёми табрикотӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз» (1995-1997), «Суханронии табрикӣ ба муносибати фарорасии иди Наврӯз» (1998-1999), «Табрикоти телевизионӣ ба муносибати иди Наврӯз» (2000) ба ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи махсус медоданд.

Ҳар сол пас аз Истиқлоли Тоҷикистон Наврӯз марҳала ба марҳала азамату шаъну шукуҳи худро нишон медод. Хушбахтона, бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-и садаи 20 ҷашнгирии Наврӯз ба ҳукми анъана даромада, дар тамоми мамлакат густариш ёфт. Мардуми кишвар акнун Наврӯзро берун аз хона ҷашн мегирифтанд. Агарчи «чоршанбеи охири сол» ва ё «чоршанбесурӣ» чун оини бостони мардумӣ дар мамлакат, дар баъзе деҳот хеле кам баргузор шавад ҳам, вале мардум дар ҳар минтақа дар шаби Наврӯз ва ё дар ҷашнгоҳҳо оташафрӯзӣ намуда,  хушҳолӣ менамуданд  ва дар гирди оташ сурудхонию  рақсу бозӣ мекарданд.

Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 то 2010 асарҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ дар шакли мақола, маҷмуа, китоб, оҳанг, наққошӣ, филмномаҳои мустанад ва ғайра ба нашр расиданд. Дар 10 соли аввали садаи 21 аз тариқи воситаҳои ахбор, радио ва телевизион маводи зиёд пешкаши мардум гаштанд. Дар кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо ва ташкилоти гуногун шиорҳои зебо дар бораи Наврӯз овехта мешуданд. Дар ин марҳила адибон низ хомӯш набуданд. Онҳо дар ситоиши баҳор ва Наврӯз шеърҳое суруданд, ки ҳар кадоме зебоиҳои Наврӯзро ба пеши назар ҷилвагар месозад. Маҷмуаҳои шеърӣ бахшида ба баҳору Наврӯз ба нашр расида, мақола, асарҳо ва татқиқотҳои ҷудогона дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз низ ба вуҷуд омаданд.

Он мардумоне, ки дар домани фарҳанги мардуми ориёитабор парвариш ёфтаанд ва баъдҳо Наврӯзро ҳамчун мероси фарҳангии худ пазируфтаанд, низ дар кишварҳои худ Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Дар натиҷа дар 10-солаи аввали садаи 21 ваҳдати фарҳангии Наврӯз дар байни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба вуҷуд омад, ки онҳо хостанд дар якҷоягӣ ба таври расмӣ ҷашн гирифтани онро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намоянд. Ҳамаи ин таблиғоту талошҳо чунин натиҷа дод, ки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз кӯшиш намуданд, ки ин иди пайванди табиат ва инсонро вориди рӯйхати фарҳанги ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид намоянд. Дар ин кор ташаббускори асосӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Ин талошҳо боиси он шуд, ки дар таърихи 30 сентябри соли 2009 Наврӯз бо 76 унсури ғайримоддии худ аз кишварҳои гуногуни дунё ба рӯйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардид. Қарори ворид намудани 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати иштирокчии Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд.

Баъдан, 26 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми  Маҷмаи  Умумии  Созмони Милали Муттаҳид, дар чаҳорчӯби моддаи 49-и рӯзномаи иҷлосия  таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» дар бораи ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» дар 21 март ҷашн гирифтани Наврӯз қарор қабул карда шуд.

Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод шуд. Бино ба матни қатънома Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба чунин қарор омад, ки «21 март — Рӯзи байналмилалии Наврӯз» дониста шавад.

Соли 2010 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, рӯзҳои 21 – 24 март – Иди байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Тибқи тағйирот ба қонуни мазкур ин рӯзҳо дар Тоҷикистон истироҳат муқаррар карда шудаанд.

Ҳамин тариқ аз соли 2010 ва баъд шаҳомати Наврӯз дар Тоҷикистон  хеле баланд гардид. Наврӯз дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун рӯзи нав, рӯзгори нав, рӯзи шодмонӣ, рӯзи инсофу адолат, рӯзи баробарию бародарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи созиш мебошад. Табиат ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯз чун падидаи нодиру бузурги табиат таҷассумгари рамзи рӯшноӣ ва тантанаи адолату накӯкорӣ, тимсоли рӯзи наву оғози соли нави аҷдодӣ  дар тамоми кишвар чорабиниҳои гуногуни ҷашнию варзишӣ  баргузор мегарданд.

Баъд аз он ки ҷашни беш аз шашҳазорсолаи  Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба таври расмӣ дар замони муосир «ҷашни ҷаҳонӣ» эълон шуд, аз соли 2010 ба ин тараф дар тамоми кишвар таҳти унвони «Тоҷикистон – ватани Наврӯз аст» маърака ва маҳфилҳои бошукуҳ доир мегарданд.

Ҳар сол дар наврӯзгоҳҳо, сайргоҳҳо ва дашту даману сайру гашт, маҳфилҳо, дилхушиҳо, шодмониҳо ва ҳамчунин бозиҳои варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳои  бо аҳли зиё, собиқадорони ҷангу меҳнат ва  шахсиятҳои маъруф баргузор мешавад. Намояндагони давлат, созмонҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳи ҷавонон ба хонаҳои пиронсолон, маҷруҳон, беморон, бечорагон рафта, онҳоро бо ҷашни Наврӯз табрик менамоянд ва ба онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорону аҳли ҷамоат ҳадяҳо мебаранд.

Тавре таъкид шуд, аз соли 2010 дар саросари Тоҷикистон таҷлили Наврӯз бо шаҳомати бузург оғоз гардид. Баъд аз он ҳар сол баробари наздик шудани ҷашни Наврӯз тамоми корхона ва муассисаҳо бо қаноатмандӣ аз пайи баргузор намудани ин ҷашн мешаванд. Акнун ҳар сол дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат наврӯздӯстон амалҳои нав ба нав пешниҳод менамоянд. Соли 2010 Наврӯз он қадар зебо баргузор шуд, ки шодии мардумро ҳадду канор набуд.

Пас аз он ки Наврӯз ба таври расмӣ ҷаҳонӣ шуд, сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тасмим гирифтанд, ки ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳо онро таҷлил намоянд. Рӯзҳои 26 ва 27-уми марти соли 2010 чорабиниҳои тантанавии таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар ин тантанаҳо дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сарони давлатҳои Афғонистон, Ироқ ва Туркманистон ва намояндагони воломақоми Озарбойҷону Туркия низ иштирок доштанд.

Дар нахустин чорабинии таҷлили ҷашни  байналмилалии Наврӯз бо иштироки сарони кишварҳо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ Наврӯзро «пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо дар гузашта ва имрӯз» маънидод карда, изҳор намуданд, ки «иди ҷаҳонии Наврӯз ҳамеша инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дӯстию бародарӣ баҳравар намояд, барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат кунад».

Бегоҳии 27 марти соли 2010 дар толори бузурги қасри «Ваҳдат»-и шаҳри Теҳрон чорабиниҳои дилнишини фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид, ки он як маҳфили зебои илмию амалӣ ва намоиши ҳунарҳои волои мардумони ориёитаборро мемонд. Барномаи рангини ин маҳфили фарҳангӣ фарогири намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусиқӣ, шоҳномахонӣ, оини паҳлавонӣ ва ҳикоятҳои ҷолиб аз фархундагиҳои ҷашни пурифтихори Наврӯз буд. Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2011 Наврӯз дар зодгоҳаш- Тахти Ҷамшеди Эрон баргузор гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуда, соли 2011 бори дуюм сарони кишварҳо дар Эрон Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд. Рӯзҳои 26 ва 27 марти 2011 Иҷлосияи дуюми ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Теҳрони Эрон баргузор гардид. Барои иштирок дар таҷлили байналмилалии Наврӯз ба Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Туркия, Салтанати Уммон, Давлати Кувайт, Танзания ва ғайра ташриф оварданд.

Дар ин ҷашн бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи расмӣ ва аҳли илму фарҳанги кишвар иштирок намуданд. Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва хони наврӯзии тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи ширкатдорони ҷашн қарор гирифт. Бегоҳии 27 марти 2011 дар Кохи «Ваҳдат»-и пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон — шаҳри Теҳрон барномаи фарҳангии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони як қатор давлатҳои дигар иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷашни бостонии мардуми ориёитабор ва миллату халқиятҳои сершумори минтақаҳои ҷаҳон будани он ёдрас карда шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Наврӯз чун ҷашни талқингари дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ, сулҳу оштӣ, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо аз кинаю кудурат ва оғози фасли баҳору шукуфоӣ, киштукори зироатҳо ва ҳамчунин оғози соли нави офтобӣ ҳанӯз чанд ҳазор сол пеш қудрату тавони ҷаҳонӣ пайдо карда буд. Ҷашни ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯзи дилафрӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид маҳз нишонаи эътибори ҳамин арзишҳои воло ва натиҷаи ҷаҳду талошҳои зиёди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои таҷлилкунандаи ин иди фаррухпай дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тасмими роҳбарони сатҳи олии кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз доир ба таҷлили 3-юми ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистон сарони давлатҳо ва аҳли илму фарҳанги ин кишварҳоро барои  иштирок дар тантанаҳои наврӯзии соли 2012 ба сарзамини зархези мо даъват намуданд.

Соли 2011 низ дар таърихи наврӯзшиносии кишварамон хотирмон буд. Дар он сол низ дар тамоми кишвар Наврӯз хеле бошукӯҳ баргузор гардид. Мардум чандин рӯз дар сайргоҳҳо ва дар майдонҳои назди муассисаҳои худ Наврӯзро бо шодмонӣ ҷашн гирифта, яке ба дигаре Наврӯзро табрику таҳният менамуданд. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати ҷашни Наврӯз чунин суханони нек гуфтанд: «Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод – Наврӯзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рӯзу рӯзгори нав фаро расид. Ва имрӯз мову шумо фарорасии ин рӯзи муборак, яъне Наврӯзи 20-солагии Истиқлоли давлатиамонро дар ин майдони бо заҳмати дастони мардуми ободгарамон зебову ороста, дар пойтахти давлати соҳибихтиёри худ истиқбол мегирем…

Мо аз рисолаву осори бахшида ба Наврӯз ва наврӯзномаҳои сершумори гузаштагонамон хуб медонем, ки ниёгони мо ҳанӯз аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд.

Зеро он тибқи илми ситорашиносӣ ба нахустрӯзи офаринишу баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд… .

Мо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз тантанаи воқеии шиори абадзиндаи ниёгони хирадмандамон – «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек»-ро мушоҳида мекунем. Вобаста ба ин, мехоҳам ба тамоми мардуми фарҳангиву шарифи Тоҷикистон хотирнишон созам, ки ин шиори пурфазилату пурманфиати гузаштагонамонро, ки пояи ҷовидонии суботу оромии ҷомеа, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии мо ва умуман иттиҳоди байни инсонҳо мебошад, дастури амали ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар идомаи сухани табрикотӣ  ёдовар шуданд, ки давоми 20 соли Истиқлоли Тоҷикистон чӣ корҳои неке шудааст. Ҳар сол «ҳазорҳо буттаҳои сояафкан шинонида, боғҳои нави дарахтони мевадиҳанда ва токзор бунёд мегарданд, биноҳои нави истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, муассисаҳои таьлимиву тиббӣ ва фарҳангӣ, корхонаву дигар иншооти истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки ҳисоби умумии онҳо то ба имрӯз ба ҳазорҳо мерасад».


Муҳим он буд, соли 2011 Наврӯзгоҳ, ки дар пойтахти кишварамон бузургтарин ҷашнгоҳ аст, пешкаши мардум шуд, ки онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Наврӯзгоҳ» номида, гуфта буданд: «Ин майдон ва иншооти атрофи он, ки 28 гектарро дар бар мегирад, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо сарфи қариб 32 миллион сомонӣ имрӯз дар хизмати мардуми пойтахт ва меҳмонони он омода шудааст ва дар он барои гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангиву фароғатӣ тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла тамошогоҳ бо 8000 ҷои нишаст, толори варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона ва дигар утоқу биноҳои ёрирасон дар сатҳи баланд пешбинӣ шудаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин маҷмааи муҳташам саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда, ба хотири бузургдошти зеботарин ҷашни миллиамон – Наврӯз пешниҳод менамоям, ки он «Наврӯзгоҳ» номгузорӣ гардад».

Соли 2012 омодагӣ ва тантанаҳои наврӯзӣ як моҳ пеш шуруъ гардид. Чунки он сол меҳмонони олиқадри кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бояд ба Тоҷикистон ташриф меоварданд. Як ҳафта пеш таҷлили ҷашн тамоми кишварро фаро гирифт. Дар баробари шодмониҳои наврӯзӣ 17 марти соли 2012 ба муносибати ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе «Дави наврӯзӣ» баргузор шуд.

Соли 2012 дар таърихи кишвари мо барои ҷашнгирии Наврӯзи байналимилалӣ хотирмон  буд. Дар ин сол сарони давлатҳо ва меҳмонони олимақоми  беш аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар раванди ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ 25 марти соли 2012 бо ҳузури сарони давлатҳои Афғонистону Покистону Эрон ва дигар меҳмонони олимақом дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 баргузор гардид.

Дар Кохи Сомон намоишгоҳи наврӯзӣ, тибқи анъанаҳои бостонии ниёгон рамзҳои покию озодагӣ, хонҳои густурдаи ҳафтсину ҳафтшин, падидаҳои баҳори нозанин, оғози бедоршавии табиати зинда, мавсими кишт ва корҳои дигари саҳроӣ, бо руҳи тозаи эҷодкории аҳли илму ҳунар баргузор шуд. Дар намоишгоҳ, ки бо зебоиҳои Наврӯз ҳамоҳанг буд, кишоварзон, ҳунармандон, зиёиёни тоҷик маҳсули заҳмати худро пешкаши меҳмонони олиқадри Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 намуданд.

25 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе 3-юмин таҷлили «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» бо иштироки  сарони кишварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, муовини Раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон, муовини сарвазири Туркманистон, муовини сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини раиси ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Котиби Генералии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон, Фиристодаи махсуси Сарвазири Ҳиндустон, сафири Ҷумҳурии Узбекистон ва намояндагони дигар кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд.

Тантанаҳои таҷлили «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Душанбе дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои башардӯстона бо паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони он ифтитоҳ гардид. Дар ин рӯзҳои таҷлили 3-юмин ҷашни «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе барномаҳои гуногуни фарҳангӣ таҳти шиори «Наврӯз – ҳамбастагии маънавии халқҳо ба хотири фардои дурахшон» баргузор шуданд.

Соли 2012 Наврӯзгоҳи пойтахт чунон зебову дилоро гардида буд, ки дар ёдҳо боқӣ монд. Ба пешвози ҷашни 3-юми Наврӯзи байналмилалӣ чанд километр роҳи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба таври густурда оро дода шуд. Намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, анвои хӯрковориҳо, неъматҳои табиии мамлакат, ҳатто намунаҳои дарахтҳои гулкардаи бодом, зардолу ва гулҳои навшукуфтаи баҳорӣ аз шоҳроҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ то даромадгоҳи Наврӯзгоҳ чунон мақбул оро дода шуда буданд, ки аз тамошояш кас сер намешуд.

Баъдан, барномаи идонаи Наврӯз-2012 дар Наврӯзгоҳ бо ворид шудани сарони давлатҳои мазкур ва меҳмонон шуруъ гардид. Ин ҷашн хеле бошукуҳ буд. Наврӯзи ҷаҳонӣ бо барномаи рангини ҳунарии устодони санъату фарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баргузор шуд. Ҳунармандони кишварҳои ташрифоварда ва мизбонон бо базми ҷамшедии суруду рақс ва оинҳои вижаи ниёгон Наврӯзро пешвоз гирифтанд. Барои меҳмонон ҷаззоб буд, ки «Наврӯзгоҳ»-и Тоҷикистон ба истиқболи Наврӯзи байналмилалии 2012 бо ҳунари волои меъморону наққошон зоҳиран шакли зодгоҳи Наврӯз – Тахти Ҷамшедро ба ёд меовард.

Дар он рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои аҳамияти Наврӯзи ҷаҳонӣ чунин суханони нек гуфтанд: «Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш қабл аз ҳама мехоҳам мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни пуршукуҳи табиату баҳор, оғози сарсабзиву хуррамӣ, яъне Наврӯзи оламафрӯз, ки имрӯзҳо бо қадамҳои неку мубораки худ дар диёри зебову дилрабои Тоҷикистон фаро расидааст, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар сокини мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва умуман мардуми сайёра оромиву осоиш, хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пурфайзи наврӯзиро орзу намоям.

Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию руҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.

Имрӯз барои мо, тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад…

Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Инак, пас аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз имконияти бештаре фароҳам омадаанд, ки кишварҳои мо ба воситаи таҷлили ҳамасола ва пуршукуҳи Наврӯз суннатҳои волои онро, ки бархе аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, бо дастгирии доираҳои илмиву фарҳангии ҳамдигар эҳё гардонанд ва ба оламиён собит намоянд, ки Наврӯз воқеан ҳам аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист.

Дар баробари ин моро лозим аст, ки суннатҳои наврӯзиро барои беҳбуди ҳаёти имрӯза ва таҳкими ҳарчи бештари равобити халқҳоямон истифода кунем. Аз ҷумла, ҳар сол вақте ки дар яке аз кишварҳои мо ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад, баргузор намудани намоиши дастовардҳои муҳими илмиву фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли он айни муддао мебошад. Ба ин восита мо метавонем бо ҳамдигар боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кунем, ки яке аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз ба ҳам наздик шудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона, инчунин ҳамкориву ҳамгироӣ миёни мардумони гуногун аст. Зеро дар шароити муосир ҳамаи мо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва башарият нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқат, ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.

Дар чунин шароит Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат намуда, ҳамзамон бо ин, ҳамаи моро сӯи рӯзгори орому бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда роҳнамоӣ мекунад.

Итминон дорам, ки ташрифи меҳмонони олиқадр ва ҳайатҳои баландпоя аз давлатҳои дӯсту бародар ба Тоҷикистон ва ширкати онҳо дар маъракаи идонаи мо боиси таҳкими бештари равобити неки ҳамсоягӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкории миёни мамолики минтақа ва ҷаҳон хоҳад гардид.

Бо ҳамин орзуҳои неку таманниёти самимона бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, меҳмонони олиқадр, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байнамилалиро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, бароятон тансиҳативу рӯзгори обод ва барори кору пирӯзӣ орзу менамоям»,- изҳор намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Соли 2013 бо бо иҷрои амалҳои  нек ва шодиву нишоти зиёд Наврӯзи ҷаҳониро дар Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. Дар тамоми минтақаҳои мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагиҳои нав ба нав оғоз гардид.  Яке аз оинҳои наврӯзӣ ин аз тариқи ҳашар анҷом додани корҳои ободонию тозакорӣ  мебошад.  Дар гузашта ва ҳоло низ дар деҳаҳо пеш аз Наврӯз ҷӯйҳо, кӯчаҳо, сайргоҳҳо ва ҷойҳои муҳимро тоза менамуданд. Ба тариқи ҳашар ниҳол мешинониданд ва боғҳоро ба тартиб медароварданд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои қадим, дар рӯзи сеюми Наврӯз мардум ба ҳашари ободии муҳити зист баромада, деҳқонон корҳои кишоварзиро вусъат мебахшиданд. Аз ин рӯ, бо ташаббусу пешкории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 марти соли 2013 мардуми шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат ба ҳашари умумӣ баромаданд. Давоми  солҳои охир  бо иқдоми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ ҳашари ниҳолшинонӣ қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз ва баъд  аз он баргузор мегардад. Мардум бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 марти соли 2013 ба ҳашари умумӣ баромада, ба монанди оини ниёгон ба поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию кабудизорсозии атроф шуруъ намуданд. Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ, аз як сӯ нишонаи муҳаббати беандозаашон ба табиати зебову дилорои Тоҷикистони азиз бошад, аз сӯи дигар ташвиқи мардум ба корҳои ободонӣ, созандагӣ ва муҳаббат ба давлат маҳсуб мегардад.

Соли 2014 низ дар таърихи кишварамон Наврӯз хотираҳои нек аз худ боқӣ монд. Ҳамасола дар мамлакат пеш аз ҷашни Наврӯз ва баъд аз он иншооти муҳими давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ҳар сол корхонаҳо, муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, биноҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва муассисаҳои муҳимро шахсан худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ менамоянд ва таҳкурсии сохтмонҳои минбаъдаи муҳимро мегузоранд.

Хеле хотирмон буд, ки бегоҳии 19 марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи нави «Наврӯзгоҳ», ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди истифода қарор гирифт. Маълум шуд, ки боғи «Наврӯзгоҳ» дар байни Қасри миллат ва майдони «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам кардааст.

Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар овардаанд, аз ороишоти асосии ин боғи гуворои наврӯзӣ ба шумор меравад. Яке аз ороишоти дигари боғи «Наврӯзгоҳ» шаршара ва фаввораҳои назди он аст. Баландии ин шаршараи бошукӯҳ 22 метр буда, фаввораҳои сершумори он «Наврӯзгоҳ»-ро шабонгоҳон бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд.

Дар боғи «Наврӯзгоҳ» майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои атраксионҳои гуногун аст. Дар гӯшаҳои гуногуни боғи «Наврӯзгоҳ», барои мардум ва меҳмонон тарабхона, қаҳвахонаи яхмос, ошхона ва чойхона бунёд ёфтаанд. Ба таври куллӣ боғи «Наврӯзгоҳ» як макони зебою дилоро барои сайру гашт аст, ки барои мардум пешкаш шудааст.

Ҳар сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз бо намояндагони зиёии мамлакат мулоқот менамоянд. 20 марти соли 2014 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид. Дар ин мулоқот Сарвари давлат Наврӯзро «аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин оинҳои миллии мо» номида, гуфтанд, ки «Наврӯз дар худ тамоми шукуҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд». Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «тамаддуни ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад». Ишорат шуд, ки «яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз бар ҷавҳари инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши некиву накукорӣ асос ёфтани он аст». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «ин ҷашни пурифтихор ба ягон дину мазҳаб робита надорад, тобеи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ нест ва аз ҷумлаи ҷашнҳои камназири башарият аст, ки онро хурду бузурги мардумони мухталифи сайёра истиқбол мегиранд».  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаббат дар идомаи суханони худ дар ҷашни Наврӯзи соли 2014 гуфта буданд: «Ба ин маънӣ метавон дилпурона изҳор намуд, ки Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, оини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват аст».

Соли 2014 низ баробари наздик шудани Наврӯз дар тамоми мамлакат омодагӣ ба он шуруъ шуд. Ҳар як деҳа, ноҳия ва шаҳр ҷашнро бо шодмонӣ ва хушиҳо пешвоз гирифтанд. Дар рӯзҳои наврӯзӣ на фақат табиат, балки мардум низ либосҳои рангоранги нав дар бар карда буданд. Раисони маҳалла, ноҳия ва вилоятҳо дар минтақаҳои худ ба истиқболи Наврӯз шароити мусоидро дар наврӯзгоҳҳо ва сайргоҳҳо фароҳам оварданд.

Дар Душанбею атрофи он ва ҳам «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба мисли солҳои пешин хеле зебо оро дода шуда буд. 21 марти соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони аҳли ҷамоати пойтахт бо шодию сурур ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд. Ҳамон сол зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи мардумони кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзро ба муносибати фарорасии ин иди бузург, ки чанд сол ба ин сӯй мақоми байналмилалӣ гирифтааст, сидқан табрик гуфтанд. Ҳамчунин ишора гардид, ки «Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва руҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму оинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд».

Соли 2015 бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз бо ҳамон шаъну шукуҳи худ вориди зиндагии мардуми тоҷик гардид. Тамоми Тоҷикистон ба ҷашни Наврӯз омода буд. Аз кишварҳои ҳамзабон —  Афғонистону Эрон сайёҳони зиёд маҳз барои Наврӯзи тоҷикон ташриф овардаанд. Аз кишварҳои арабӣ, аврупоӣ, Ҳиндустону Чин ва ҳатто Амрико низ сайёҳон ва фарҳангиён барои тамошои  ҷашни Наврӯз омаданд.

Рӯзи 20 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Барои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар ду тарафи роҳи канори «Наврӯзгоҳ» сокинони ноҳияҳои пойтахт намоиши дастовардҳо, анъанаҳои наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо ва ҳунари устоҳои чирадастро ба базмгоҳ гузоштанд.

Пешвои миллат пас аз табрики ҳозирин бо иди Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза, дар бораи хусусиятҳои хоси Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ будани он мебошад, андешаронӣ карда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.

Дар Наврӯзгоҳи пойтахт тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои намоиши театрии санъаткорон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, руҳияи мардумро болида намуд.

Бегоҳии 22 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз майдонҳои варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо дастаи чавгонбозони тоҷик шинос шуда, бозии намоишии онҳоро тамошо карданд. Чавгонбозӣ дар замонҳои қадим дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз низ баргузор мешуд. Ин бозии миллии тоҷикӣ, ки солҳои охир дар Тоҷикистон аз миён рафта буд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон дубора эҳё мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми наку басе хушҳол шуда, таъкид доштанд, ки чавгонбозӣ, ки воқеан аз аҳди бостон моли мардумони тоҷику ориёӣ буд, бояд дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон эҳё шуда, рушд ёбад.


Тантанаҳои наврӯзии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дилпазир буд. 23 марти соли 2015 идомаи ҷашни бошукуҳи наврӯзӣ бо иштироки Пешвои миллат дар назди қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд гузашт. Дар ин макон намоишгоҳи наврӯзӣ тибқи расму оинҳои миллӣ ороста шуда буд. Намоишгоҳро нишони 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, растаи ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи табиати зинда, навъҳои хӯрокҳои миллӣ бо таббохон, суманакпазон ва хӯришҳои гуногун оро дода буданд. Таваҷҷуҳи меҳмононро ҳунари тарроҳону пардозгарон ба мисли атласбофӣ, адрасбофӣ, либосҳои миллӣ, қолинбофон, зардӯзон, гулдӯзон, чӯбтарошон, рассомону наққошон, устоҳои созҳои мусиқӣ, оҳангарону мисгарон, зарфҳои кулолӣ ва ашёи дигари рӯзгор ҷалб намуданд. Дар канори майдон қариб 30 деги калон гузошта, озмуни «Оши палов» баргузор гардид ва баъдан он ба мардум ройгон тақсим гардид.

Соли 2015 китоби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Наврӯз – шиносномаи миллат» нашр шуд, ки дар он аксари суханрониҳои Сарвари давлат, ки дар боло мо ҷо-ҷо аз он иқтибос овардем, нашр шуд. Ин суханрониҳои наврӯзӣ моломол аз меҳру муҳаббат нисбат ба Наврӯзи оламафрӯз ва саршор аз тарғиби омолу рафтори ҳамидаанд. Қисмате аз онҳо, ки дар ин китоб гирд оварда шудаанд, ба мисли дастагули наврӯзианд, ки табъро болидаву димоғро муаттар месозад. Дар ин китоб суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвонҳои зерин омадааст: «Ҷашни пирӯзии нур бар зулмот», «Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ», «Суннатҳои неки наврӯзӣ безаволанд», «Рамзи офариниш ва эҳёи табиат», «Ҷашни озодагӣ ва озодагон», «Наврӯз – пайки шодмонӣ ва шодкомӣ», «Наврӯз ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллист», «Наврӯз таърихи зиндаву бедор ва бақои миллати тоҷик аст», «Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз меёбад», «Наврӯз дар саросари ҷаҳон бошукӯҳ таҷлил мегардад», «Наврӯз – пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо», «Истиқлолият ба Наврӯз умри дубора бахшид», «Наврӯз барои аҳли сайёраи замин тақдим шудааст», «Наврӯз – ҷашни ваҳдат ва ҳамбастагии башарият», «Наврӯз ҷуғрофиёи худро фарохтар мекунад”, “Бародар, ҷашни наврӯзат муборак», “Наврӯз ҷавҳари инсонсоз дорад!”, «Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгарост», «Бузургдошти Наврӯз бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист», «Ба Наврӯзи абадзинда ниёгони мо асос гузоштаанд», «Ҷовидонагии Наврӯз аз камоли маънавии инсон аст».

Соли 2016 низ дар саросари кишвар Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳи баланд таҷлил гардид. Ҳамон анъанаи ҷашнгирии Наврӯз дар тамоми кишвар аз тарафи давлат ва мардум идома дошт. Имсол низ дар ҳамаи деҳу ноҳияву шаҳрҳои Тоҷикистон дар рӯзҳои Наврӯз хушҳолиҳо зиёд буд. Муҳим он буд, ки дар ин сол «Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз» баргузор шуд. Дар маҷмуъ аз 18 давлати ҷаҳон адибон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Иштирокчиёни ин чорабинӣ  аз кишварҳои зерин буданд: Афғонистон, Англия, Америка, Беларус, Голландия, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Чин, Швейтсария, Шветсия ва Эрон.

Ҷашни Навӯз бо ҳузури адибони ҳавзаи Наврӯз аз субҳи 19 марти 2016 бо гулгузорӣ бар пояи муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва зиёрати оромгоҳи Лучоб сурат гирифт. Дар назди ҳар муҷассама донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳое, ки вобаста буданд, бо нону намак, суруду мусиқӣ, карнаю сурнай ва шеърхонӣ меҳмононро истиқбол намуданд.

Дар ин ҳамоиш баъди суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз шеърҳои худро қироат намуданд ва роҷеъ ба Наврӯзи тоҷикон суханҳои нек гуфтанд.

Ҳамчунин барои меҳмонон хеле ҷолибу хотирмон буд, ки ҳангоми пазироӣ дар «Кохи Наврӯз» шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро «хуш омадед» гуфтанд. Таассуроти ҷолиби дигари меҳмонон ин буд, ки худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни пазироӣ ба назди адибону ҳунармандон омада, барои бештар пайванд намудани ваҳдати миллӣ ва ободии мамлакат ва саҳм гузоштан дар он онҳоро роҳнамоӣ карданд, ки ин худ далели мардумӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Меҳмонони Ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврӯз шоирон, олимон ва ҳунармандони зерин буданд: Саидризо Муҳаммадӣ, Абдулқаюми Қавим, Муҳаммади Холиқ, Абдуллоҳи Аҳмадӣ, Парвизи Кова, Қанбаралӣ Тобиш, Яъқуб Ясно, Гулнури Баҳман, Муҳамадсодиқи Исён, Соҳибназар Муродӣ, Саид Ориф (Афғонистон), Алиакабр Деҳбошӣ, Муҳаммад Козими Козим, Ҳоҷӣ Муҳаммад Теҳронӣ (Эрон), Юлия Купина, Сергей Казначеев, Маргарита Каратегина, Татяна Бистрова (Русия), Замир Саъдуллозода (Чин), Муҳаммад Шариф Саидӣ (Шведсия), Абудҷалил Пӯлодиён, Латиф Нозимӣ (Олмон), Олим Лабиб (Туркия), Ҳумайро Накҳат (Нидерланд), Аслиддини Қамарзода, Асадуллоҳ Гулов, Назариян Рубен, Файзихоҷа Маҳмудов (Узбекистон), Нақӣ Аббос, Али Акбаршоҳ (Ҳиндустон), Раҳмет Қиличев (Туркманистон), Отамурод Султонов (Туркманистон), Тежке Умед, Ғалим Жайлибай, Жанарбек Ашимжан (Қазоқистон), Акбар Ризкулов, Маркабой Аматов, Шоистаи Равшан (Қирғизистон), Липай Татняна, Александр Курлюков (Белорусия), Шанкер Синтхарт, Абдулхолиқи Лаълзод (Англия), Азиззуллоҳ Имо (Швейтсария). Онҳо дар маҳфилҳои адабии наврӯзӣ, дар донишгоҳҳо ва ноҳияҳо бо шеърхонӣ, ҳунарнамоӣ ва суханронии худ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб сохтанд. Ҳамчунин, аксари меҳмонон аз тариқи воситаҳои ахбор шеърҳои худро пешкаши мардум намуданд.

Наврӯз дар саросари мамлакат идома дошт. 26 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни идонаи «Корвони Наврӯзӣ» ва «Сайри гули лола» иштирок намуданд. Барои истиқболу мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории ин чорабинии бошукуҳ, ки ба таври идона оро дода шуда буд, беш аз 10 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд.

Зеро ба эътиқоди ниёгони мо, рӯзи шашуми таҷлили Наврӯз рӯзи тақсими саодат ва хушбахтӣ будааст ва ба ин хотир одамон ҳама якҷо ба наврӯзгоҳҳо баромада, бо номи «Корвони наврӯзӣ» ҷашне меоростаанд, то тамоми сол ба мамлакат хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «эҳёи ин суннати арзишманд аз ҷониби сокинони вилояти Суғд баёнгари ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мо буда, дар рӯзи Наврӯз иқдоми воқеан нек ба шумор меравад».

Солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои Наврӯз ва пас аз он дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ҷашни «Сайри гули лола» баргузор мешавад. «Сайри гули лола» дар гузаштаҳо буд ва ҳоло дубора бо диди тоза эҳё шудааст. Ин ҷашн чунин сурат мегирад, ки тамоми кӯчаву хиёбону боғу гулгаштҳо бо гулу лолаҳои рангоранг ороиш дода шуда, мардум ба тамошояш мебароянд ва ҳамчунин, дар боғҳо ва ҷойҳои серодам карнаю сурнаю суруду рақсу мусиқӣ таннинандоз мегардад.

Давоми  чанд сол аст, ки дар арафаи Наврӯз порчаҳои атлас ва чакан ҳамчун либосҳои миллии тоҷикон таваҷҷуҳи тарроҳонро ба худ ҷалб намудааст. Пероҳанҳои рангоранги атлас хушнамудтарин либоси миллии духтарон ва занони тоҷиканд. Тарҳу гулҳои атлас на танҳо симои духтарон ва занонро рахшанда менамояд, балки тасвригари табиати ин кишвар аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол пеш аз Наврӯз ва дар рӯзҳои ҷашн ба ноҳия ва шаҳрҳои гуногуни мамлакат сафар намуда, бо созандагиҳои мардуми шарифи тоҷик шинос  мешаванд. Соли 2017 ҷашни ҷаҳонии Наврӯз аз шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Пешвои миллат 21 март барои ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, зимнан дар варзишгоҳ дар ҷашни ҷаҳонии Наврӯз иштирок ва суханронӣ  намуданд. Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҳамватанон, ҳамзабонон ва меҳмонони зиёде аз кишварҳои хориҷӣ низ ташриф доштанд, ки ҳозирин аз гуфтори хушоянди наврӯзии Пешвои миллат ба ваҷд омаданд. Намоиши ҳунарии дилрабо, ки дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода пешкаши тамошобинон гардид, мазмун ва муҳтавои он таърихи гузаштаю имрӯзи Наврӯзро тавассути саҳнасозии суруд, рақс, шеър, оинҳои мардумӣ ва расму суннатҳои кишоварзон таҷассум мекард.

Бегоҳии 21 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар чорабиниҳои ҷашнӣ «Наврӯзгоҳ»-и пойтахти кишварамон Душанбешаҳр иштирок намуда, суханронӣ намуданд. Дар суханҳояшон ҳамбастагии табиат ва инсон, ваҳдату пайванди мардуми олам, созандагию муҳаббат, башардӯстӣ ва хайрхоҳӣ, ободонии пойтахт, заҳмати зиёд кашидан баҳри рушди кишвару миллат садо дод, ки ҳама сабақе буд аз дарси хештаншиносӣ.

Ҳамон соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок варзиданд. Ҳунармандони суғдӣ дар оғӯши табиати дилрабо бо иштироки намояндагони 18 ноҳияи вилояти Суғд намоиши корвоние пешкаш намуданд, ки на фақат бинандагони ҳозир, балки аз тариқи намоишҳои телевизионӣ ва интернет ошиқони Наврӯзро дар кишварҳои гуногуни олам ба сӯи тоҷику Тоҷикистон кашид. Ин намоиши ҳунарии “Корвони наврӯзӣ” аз ҷониби беш аз 6 ҳазор нафар пешкаш гардида, дар он суннатҳои мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз инъикос ёфта буданд.

Соли 2018 низ ҷашни Наврӯз мисли ҳар сол дар тамоми мамлакат ҷашн гирифта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 марти соли 2018 ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе иштирок намуда, суханронӣ карда, аз ҷумла бо ёдоварии «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гуфтанд: «Итминон дорам, ки сокинони пойтахт минбаъд низ барои татбиқи барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла ба хотири амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» саҳми арзишманду ватандӯстонаи худро мегузоранд».

Баъди чанд рӯз — 28 марти соли 2018 ҷашни Наврӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд. Дар он дастовардҳои ин мардуми ҳунарманди шаҳри бостонӣ ба маърази намоиш гузошта шуда, меҳмонҳои аз дуру наздик омадаро шодию нишоти беинтиҳо буд.

Дар ҳамин сол бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни “Суханронӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи шаҳри Панҷакент” чунин гуфтанд: «Ҳамчунин бо ифтихору хушҳолӣ хотирнишон месозам, ки Наврӯзи имсола барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни воқеан таърихӣ мебошад. Зеро тавре ки ҳамаи Шумо огоҳед, дар рӯзи фарорасии он аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид ва чорумин ташаббуси Тоҷикистони азизи мо дар давоми даҳ соли оянда дар миқёси олам амалӣ хоҳад шуд».

Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки Панҷакент яке аз шаҳрҳои бостонӣ ва аз ҷумлаи марказҳои тамаддуни гузаштагони мо аст. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «танҳо хамин кофист агар гӯем, ки маҳз тавассути султони шоирони Аҷам Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шеъри тоҷикӣ ба қуллаҳои баланд расида, ба ин васила ҷаҳониён бо забони ноби тоҷикӣ ва тамаддуни ориёӣ ошно гардидаанд». Ҳамчунин ишора шуд, ки: «Шаҳри бостонии Панҷакент бо шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии худ маъруф аст, ки дар байни онҳо шаҳри қадимаи Саразм мақоми хосса дошта, таърихи беш аз панҷуним ҳазорсола дорад.

Ин ёдгории нодири таърихӣ гувоҳи возеҳи дар ин мавзеъ аз давраҳои хеле қадим сукунат доштани аҷдоди тоҷикон, шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданияти заминдориву кишоварзӣ будани онҳо мебошад”.

Яке аз падидаҳои назарраси соли 2018 ин нашри ҷилди 3-юми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик: Наврӯз ва ҷашнҳои дигар» дар ҳаҷми 804 саҳифа мебошад, ки бо заҳмати беҳамтои пажуҳандагони Энсиклопедияи миллии тоҷик ва фолклоршиносону мутахассисони дигар омода шуд. Дар оғози ин китоб аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибоси зерин оварда шудааст: «Мо на танҳо Наврӯз, балки ҷашнҳои Меҳргон ва Садаро низ эҳё кардем. Вале омӯзиши ин ҷашнҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда нашуда, ҷанбаҳои мардумии онҳо пурра таҳқиқ ва муаррифӣ нагардидаанд…

Вақти он он расидааст, ки муҳаққиқон доир ба ин се ҷашн ва дигар маросиму оинҳои миллиамон «Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон»-ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои мардуми моро ба оламиён муарруфӣ намоянд».

Бо вуҷуди он ки ҳар сол Наврӯз дар тамоми кишвар ба таври муфассал таҷлил мегардад, вале боз ҳам ин ҷашни оламшумул дар ягон ноҳия ё шаҳри мамлакат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хоса баргузор мешавад.

20 марти соли 2019 Наврӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак барпо шуд.

Дар ин ҷашн аз кишварҳои хориҷӣ ҳамзабонон, ҳамватанон ва меҳмони зиёде иштирок доштанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии Директори бонк доир ба масъалаҳои стратегӣ ва амалиётӣ хонум Мариам Шерман, намояндагони шарикони рушд, роҳбарони ширкатҳои мушовир ва дигарон.

Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикот гуфтанд: «Дар ин лаҳзаҳое, ки ҳамаи мо дар арафаи фарорасии ин ҷашни бузурги байналмилалӣ қарор дорем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони олам, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, зиёиёни мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ҳамаи Шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям».

Ба андешаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат Норак як аз марказҳои муҳиме мебошад, ки тамоми кишварро бо барқ таъмин мекунад. Симои ин шаҳр баъди Истиқлоли Тоҷикистон тамоман дигар шудаст. Сохтмони муассисаҳои нави маориф, тандурустӣ, марказҳои муосири хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳо ҳусни шаҳрро тағйир дода, онро ба яке аз маконҳои сайёҳии кишвар табдил додааст. Норак боду ҳавои муътадил ва табиати зебо дорад ва аз ин рӯ, он метавонад, ҷойи фароғати сайёҳони дохилию хориҷӣ гардад.

Соли 2019 шодмонии наврӯзӣ тамоми мамлакатро фаро гирифта буд. Мардум дар ин рӯзҳо хушҳолӣ менамуданд. Яке аз рӯзҳои ёдмони ин сол — 21 март баргузор шудани маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе буд.

Пешвои миллат дар суханронии худ дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе онро яке аз падидаҳои нодири фарҳангӣ гуфта, ёдовар шуданд, ки ниёгони мо дар гузаштаҳо маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодмониву хурсандӣ мекарданд.

Дар рӯзи таҷлили ин ҷашн гурӯҳе аз пайковарони наврӯзӣ пиёдаву савора ба маҳалҳо ва гузарҳои шаҳрҳо гашта, хабари омадани Наврӯзро мерасониданд. Даст ба мадади бечорагону нотавонон дароз менамуданд. Он сол Корвони наврӯзии шаҳри Душанбе чун беҳтарин намунаи суннати наврӯзии ниёгон, мувофиқ ба падидаҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дигарбора эҳё шуда, аз ҷониби Пешвои миллат хуш пазируфта шуд. «Корвони наврӯзӣ» дар майдони маркази пойтахт ба тамошобинон хушҳолии тоза бахшид, ки шодии нишоти мардумро ҳадду ҳудуде набуд.

Рӯзи дигар — 22 март ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он суханронӣ намуданд. Мисли ҳамеша аз созандагиву ободкориҳои мамлакат, бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе гуфтанд: «Мо солҳои 2019-2021-ро Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардем. Итминон дорам, ки соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланд, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони мо дар пойтахт ибтикороти нави созандаро амалӣ месозанд. Айни замон дар кишвари азизамон татбиқи ҳадафи чаҳоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат оғоз шудааст.

Эътимоди комил дорам, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҳамин роҳ барои бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон, бахусус, ҷавонони шаҳр шароити мусоид фароҳам меоранд».

Соли 2019 дар арафаи Наврӯз сартосари кишвар ободкориҳои зиёд сурат гирифт. Мардум дар ин сол кӯшиш намуданд, ки Наврӯзро дар минтақаҳои дигар низ бо тантана таҷлил намоянд. Дидани ҷашни Наврӯзи як минтақа аз ҷониби мардуми минтақаи дигар, ба хусус меҳмонони хориҷӣ, имсол назаррас буд. Дар ноҳияҳои ҳаммарзи Тоҷикистону Узбекситон мардум ба тамошои оинҳои наврӯзии ҳамдигар ташриф оварданду ба шодии ҳамдигар шарик шуданд.

Соли 2020 Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд бо тавровати хосе баргузор шуд. Бахусус, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳамасола Наврӯз мутантан ва бо вижагиҳои худ мегузарад, ки меҳмонони хориҷӣ аз тамошои намоишҳои наврӯзии ин шаҳри бостонӣ ба ваҷд омада, лаззати маънавӣ мебаранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми «Суханронӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд» ба гузаштаи ифтихорманди он ишора намуда, маҳз дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё шудани он гуфтанд: «Тибқи маълумоти муаррихон, Наврӯз ба унвони ҷашни шодиву нишот ва пирӯзии равшан бар зулмат ҳанӯз дар замони Куруш ба сифати ҷашни миллии қавмҳои ориёӣ эълон гардида, барои таҷлили он барномаҳои хосса, аз ҷумла покизаву тоза намудани хонаву манзили зист, бахшидани гуноҳи якдигар ва монанди инҳо муқаррар шуда будаанд.

Асрҳои баъдӣ тавассути хонадонҳои Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён шаҳомати Наврӯз дар қаламравҳои зисти мардуми мо густариши бештар пайдо кард.

Эҳёи суннат ва оинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯза, яъне даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун паёми мардуми куҳанбунёди тоҷик ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён мақоми байналмилалӣ гирифтааст».

Дар ҳар табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад, ки дар баробари дӯст доштани кишвар ва миллат ба таърихи фарҳанги миллии худ таваҷҷуҳ намоем. Рӯзи 19-уми марти соли 2021 «Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз» аз тариқи воситаҳои ахбор пахш шуд. Ин маротиба  ҳам аз фалсафа ва моҳияти мондагории Наврӯз, ки ҳазорон сол мардумони оламро ба худ ҷалб намудааст, сухан гуфтанд: «Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тули ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз кӯҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад».

Ҳар сол дар арафаи ин ҷашни  аҷдодӣ ва рӯзҳои Наврӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат сафар карда, бо  мардум дидору мулоқот анҷом медиҳанд. Аз як тараф бо дастовардҳои заҳматкашон шинос мешаванд, аз тарафи дигар ба таҷлили ҷашни Наврӯзи ҳамон минтақа ширкат менамоянд. Ба ин восита мардумро ба ду самт роҳнамоӣ менамоянд. Аввалан, созандагию ободии кишвар, яъне таваҷҷуҳ намудан ба ҷиҳати модии мамлакат ва баъдан, ба самти омӯзиши маънавӣ равон намудани мардум, яъне фаромӯш накардани фарҳанги суннатӣ, забон, таърихи миллати худ. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳамин ду нуктаи муҳим диққати махсус медиҳанд.

Ин буд, ки соли 2021 дар рӯзҳои наврӯзӣ Сарвари давлат ба вилояти Хатлон сафар карда, 26-уми март дар ноҳияи Кӯшониён бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот намуданд. Дар суханронӣ ва  вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон ба таври муфассал вазъи иқтисодии вилоятро мавриди таҳлил қарор гирифта, дар охир, мисли ҳар сол, барои таъмини моддии мардум заҳмати бештар кашиданро таъкид намуданд: «Бинобар ин, ба тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳамаи сокинони вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти кишоварзии мамлакат мебошад, муроҷиат карда, таъкид месозам, ки мо бояд аз захираву имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла замин ва об самаранок истифода намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил ва ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти ватанӣ, беҳтар таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат ва имкониятҳои содиротии он равона созем».

Пешвои миллат ҳамеша таваҷҷуҳ бар он менамоянд, ки ҳамаи ҷашнҳои бостонии ниёгони мо, байни худ як навъ алоқамандӣ ба муҳити табиӣ доранд. Ба ин васила, чандин маротиба  ба эҳёи ҷашни Тиргон, ки он низ як навъ пайвастагӣ бо Сада, Наврӯз, Меҳргон дорад, диққати мардум ва ба хусус олимонро ҷалб намуданд. Дар айни замон ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар мавридҳои муносиб, ҳамеша ёдовар мешаванд, ки чи ҷашнҳои бостонии мо пайванд ба табиат доранд.

Соли 2022 дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ» (дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ) ҷашнҳои бостонии моро аз «падидаҳои нодир» гуфтанд: «Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо – Сада, Тиргон ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тули таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии мо – тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд».

Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст, ки дар тули ҳазорон сол Наврӯз на фақат мардуми моро, балки он қавму миллатҳоеро, ки баъдҳо ба минтақаи мо омода, то имрӯз дар канори ҳам зиндагонӣ мекунанд, дар оғӯши худ гирифта, ҳамаро мафтун месозад, то табиатро дӯст дошта, инсондӯсту худшинос бошанд: «Яъне расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тавсеаи фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад.

Барои баргузории ҷашни Наврӯз дар пойтахти кишвармон-шаҳри Душанбе Наврӯзгоҳ сохта шуд, ки дар он аз сабки «Тахти Ҷамшед», ки тақрибан 2500 сол пеш, дар наздики шаҳри Шероз сохта шудааст,  истифода гардидааст.

Дигар ин ки яке аз нодиртарин ҳунари устоҳои Тоҷикистон ин «Кохи Наврӯз» мебошад, ки аз 12 толори ғайриодӣ иборат буда, ҳар кадоме бо сабки махсуси ҳунарҳои мардумии тоҷик сохта шудааст. Аз тамошои он тамоми зебоиҳои Наврӯз ба пеши назар ҷилвагар мешавад. Дар «Кохи Наврӯз» дар як дафъа метавон 3200 меҳмонро пазируфт. Гирду гӯшаи боғ низ бо дарахтҳои зебое ороиш ёфтааст, ки дар рӯзҳои Наврӯз зебоӣ ва таровати махсусро дорост. Баландии «Кохи Наврӯз» 46 метр буда, масоҳати он бо боғу иморатҳои атрофаш се гектар мебошад.

Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз падидаҳои зеботарини наврӯзӣ- сайри гул лола дубора бо таровишу зебоию зинтабахшу латофатбахшаш эҳё гардид. Инак, чанд сол аст, ки пойтахи кишварамон шаҳри Душабе ва шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Панҷакент, Исфара, Истаравшан хуллас ҳамаи ноҳияву шаҳрҳо дар рӯзҳои Наврӯз лолазору гулу гулзор мешаванд, ки аз дидани он на танҳо худи сокинон, балки меҳмонон лаззат мебаранд.

Дар солҳои охир дар тамоми минтақаи ҷумҳурӣ пеш аз Наврӯз маҳсулоти истеҳсолии махсуси Наврӯзро ба намоиш мегузоранд. Расму оинҳои мардумӣ ба мисли ҷашни арӯсӣ, ороиши хонаи арӯсон, гилембофӣ, намадрезӣ, риштаресӣ, либосҳои маҳаллӣ, ҳунарҳои марудмии минтақаҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Дастархони зебои наврӯзӣ бо навъҳои хӯркокворӣ ва рамзҳои наврӯзӣ оро дода мешавад.

Ҳар ноҳия намоишҳои театрӣ таҳия намуда, дар он «Маликаи Наврӯз», «Арӯси Наврӯз», «Бободеҳқон», «Гулҳои наврӯзӣ» ва дигар оинҳои мардумиро ба тамошо мегузоранд. Дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, мактабҳо, кӯдакистонҳо Наврӯзро хуш мепазиранд. Дар ин рӯзҳо карнаю сурнай, намоишҳои мардумӣ ва озмуни хӯрокҳои наврӯзӣ дар ҳама ҷо баргузор мешавад. Қариб дар ҳама ҷо, оинҳои намоишии наврӯзӣ тибқи намоишномаи махсусе, ки он аз ҷониби адибе ва ё эҷодкоре таҳия гардидааст ва дар он шеъру суруду рақсу шӯхиҳо низ ба саҳна гузошта шудааст, иҷро мегардад.

Дар солҳои охир шахсан бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуруъ аз ҷашни Сада ва дар арафаи Наврӯз ниҳолшинонӣ оғоз мегардад. Мардуми тамоми минтақаи кишвар ҳазорон ниҳолҳои мевадор, ороишӣ ва гулҳои зеборо шинонда, кишварро ба як кишвари зебо табдил медиҳанд.

Имрӯзҳо Наврӯзи тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон беш аз 350 миллион нафар ҷашн мегиранд ва аз тариқи воситаҳои ахбори ҷаҳон дар бораи он беш аз 1 миллиард нафар иттилоъ пайдо менамоянд, ки ин ваҳдату пайванди инсону табиат ва ҳиссаи тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ аст.

Ҳамин тавр, дар солҳои 2023, 2024 ва 2025 Наврӯз дар кишварамон бо ҳамон шукуҳи баланди худ таҷлил гардид, ки дар ин ҷода  нақши шаҳри Душанбе намоёнтар  аст. Дар тамоми ноҳияҳои шаҳри Душанбеи зебо бо шаҳомати бузург таҷлил кардани Наврӯз одат шуд. Ҳангоми ҷашн Душанбеи сабзу хуррам боз ҳам гулпӯшу рангоранг ва лолазор мешавад, ки он дар рӯзҳои Наврӯз сайёҳони кишварҳои хориҷиро мафтун месозад.


Ба таъбири соҳибсухане: «Басо мардумон омаданду рафтанд, … басо боғҳо шукуфтанду хазон гардиданд, басо чашмасорон ба ҷуш омаданду ҷой бар биёбон доданд, лек Наврӯз – ин паҳлавони куҳансол ҳамоно поянда аст» ва хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастгирию ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид ва қувваю неруи дучанд гирифта, ба худ номи нав – Наврӯзи ҷаҳонӣ гирифтааст.

Чунонки  маълуми ҳамагон аст, 16 декабри соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ  пешниҳод гардид, ки яке аз рӯйдодҳои асосию муҳими сиёсии ҷомеа маҳсуб меёбад. Паёми Сарвари давлат  ҳам ба мисли паёмҳои солҳои пешин ҳамчун як дастуру роҳнамо ва ҳидоятномаи фаъолияти ҳамаи ниҳодҳои кишвар барои соли 2026 буда, мардуми ҷумҳурӣ ин санади муҳиму арзишманди давлатиро бо руҳияву алоқамандии хос истиқбол намуданд.

Воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамвора таҳлили ҳаматарафаи самтҳою бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, инчунин масоили гуногуни соҳаҳои фарҳангию сиёсии кишварро низ дар солҳои гузаштаю ҷорӣ мушаххасан фаро гирифта, вазифаҳоро барои солҳои оянда муайян намуданд.

Ногуфта намонад, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ростои руҳияи баланди омӯзандаю худшиносӣ сурат гирифта, мардумро ба ҳифзи риояи маросиму ҷашн ва арзишҳои миллии таърихӣ талқин намуданд. Пешвои миллат аз ҷумла чунин фармуданд: “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад». Ин буд, ки соли равон 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуда, қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Инчунин танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (нахустин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) ва дар ояндаи наздик ворид намудани саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ боиси ифтихору сарбаландии миллати мо мебошад.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллӣ, аз ҷумла иброз намуданд, ки «боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангини башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии моро, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд».

Дар ҳақиқат дар ин замони ҷаҳонишавӣ дар арсаи ҷаҳон танҳо миллату халқе метавонад худро ҷовидонӣ гардонад, ки таърихи бостониву куҳанбунёд дошта, ҳамзамон ба арзишҳои миллӣ, анъанаву ҷашнҳои қадимаи халқӣ ва чеҳраҳои саршиноси илму фарҳангу адабиёти худ арҷ гузорад. Дар иртибот ба ин меъёрҳо метавон гуфт, ки таърих худ гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд дар таърихи башар аз худ асар гузоштаву ҷомеаи ҷаҳонӣ ориёинажод будани ин халқиятро эътироф намудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бунёд намудани «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» чораҷӯйӣ намоянд, ки ин амалҳо худ далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мебошанд.

Таъсис ва фаъолияти «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» метавонанд дар оянда бо омӯзишу пажуҳиш ва муаррифию эҳёи дубораи таъриху фарҳанги худ боз ҳам мероси оламшумул ва арзишҳои милии аҷдодони хешро дар сатҳои аз ин ҳам болотару волотар таҷассум намоянд.

Хулоса, ҷашни Наврӯзи дилафрӯзу ҷаҳонафрӯз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати баланду арзандаеро соҳиб гардид ва дар сатҳи давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати зиёд таҷлил карда мешавад. Дар эҳёи дубора ва пайдо намудани мавқею ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалии ҷашни Наврӯз хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо ташаббусу ибтикороти ҳамешагии ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ин ҷашни бостонӣ на танҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки дар сатҳи байналмилалии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ботантана ва ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз чанд соли охир дар сатҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон, Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Балхи Афғонистон ва  Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ботантана ва бошукуҳ ҷашн гирифта шуд.

Бо назардошти ҳамаи ин кӯшишу талош ва хизматҳои содиқона дар роҳи эҳёи дубора ва ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил додани Наврӯзи тоҷикон мо бо сарбаландӣ метавонем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  «Пешвои  Наврӯз» номем.

Аз ин хотир месазад, ки шеъри пурмуҳтавои зерини соҳибсуханеро ҳамчун анҷомбахши  навиштаҳои худ оварем, ки воқеан тасвиркунандаи ҳақиқии масоили «Пешвои миллат – Пешвои Наврӯз» мебошанд:

Шуъла мезанад хуршед бо ливои наврӯзӣ,
Гулшани Ватан шодоб аз сафои наврӯзӣ.

Якдилона мехонанд бо навои наврӯзӣ!
Пешвои миллатро Пешвои наврӯзӣ!

Роҳҳои ободе, мулки тозабунёде,
Мардумони дилшоде дар ҳавои наврӯзӣ.

Якдилона мехонанд бо навои наврӯзӣ!
Пешвои миллатро Пешвои наврӯзӣ!

Кишвари ҳунармандон, маскани зафармандон,
Гулфишону дилбандон бо ҷилои наврӯзӣ.

Содиқона мехонанд, бо навои наврӯзӣ!
Пешвои миллатро Пешвои наврӯзӣ!

Мақдамат гулистон аст, файзи боғу бӯстон аст,
Зеби Тоҷикистон аст, раҳнамои наврӯзӣ.

Тоҷикона мехонанд бо навои наврӯзӣ!
Пешвои миллатро Пешвои наврӯзӣ!

Агар таҷлили ҳарсолаи Наврӯзро дар сартосари кишвар бо ҷузъиёт шарҳ диҳем, чанд китобе хоҳад шуд. Мо фақат мухтасаран нақшу мақом, кӯшишу хизмат ва ишораю гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овардем, ки сол то сол Наврӯз чӣ гуна шукуҳмандтар мешавад.

Бо назардошти мулоҳизоти боло ва нақши барҷастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонӣ сохтани ҷашни Наврӯз чунин пешниҳод менамоем:

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат дар байни тоҷикон ва форсизабонони дунё, балки дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Пешвои ин ҷашни башардӯстона дониста шаванд, яъне, Пешвои миллат бояд «ПЕШВОИ НАВРӮЗ» эътироф гарданд, чунки Наврӯз ҷашни сулҳу оромиши шукуфоии табиат ва инсон буда, ҳама мардумони олам хостори он ҳастанд.
  2. Пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе пойтахти ҷашни ҳарсолаи Наврӯзи ҷаҳонӣ барои сайёҳони олам дониста шавад.
  3. Ҳар сол зиёиёнуҳунармандони давлатҳои гуногуни олам ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, маҳорат ва ҳунари худро ба намоиш гузоранд ва барои ваҳдати ҳамешагии миллатҳои гуногуни олам ҳисса гузоранд.
  4. Тоҷикистон кишвари сайёҳии наврӯзӣ дар сатҳи ҷаҳон эълон гардида, дар рӯзҳои ҷашни мазкур «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе бо тамоми оину анъанаҳои бостонӣ ва миллии худ пешкаши меҳмонон гардад.
  5. Ҳар сол дар пойтахти мамлакат ҳамоиши ҳунарҳои мардумии тоҷикон ва кишвару халқҳои ҳавзаи Наврӯз барпо гардида, дар 5 сол як бор оид ба Наврӯз ҳамоиши байналмилалӣ баргузор карда шавад.
  6. Намоиши суманакпазӣ дар рӯзҳои Наврӯз барои меҳмонон саҳнасозӣ ва пешкаш шуда, бозиҳои наврӯзӣ дар наврӯзгоҳҳо пешниҳоди сайёҳони дохиливу хориҷӣ гарданд.
  7. Маркази байналмилалии Наврӯз, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мегардад, минбаъд ба ҳайси макони асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои наврӯзӣ мавриди истифода қарор гирад. Ҳар сол иди Наврӯз дар ин Марказ таҷлил гардида, ҳар ҳафта дар он бо ҷалби вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корхонаю муассисаҳо, инчунин намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва давлатҳои дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ё илмию адабӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шаванд. Инчунин дар Маркази байналмилалии Наврӯз ҳар сол на кам аз як маротиба ҳатман баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ё илмию адабии байналмилалӣ ба нақша гирифта шавад.

 

Нуриддин САИД,
профессор, узви вобастаи Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон

Равшан РАҲМОНӢ,
профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

Саъдӣ ҚОСИМӢ,
профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Январь 13, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст