Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд

Январь 8, 2026 09:31

ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат Исматулло Қурбонов дар маркази шаҳри Бохтар хонаи дуҳуҷрадор тақдим намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон ба ин хонавода кумаки молиявӣ расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба хонаводаи майор Исматулло Қурбонов, афсари шуҷое, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми мамлакат ҷон нисор намуд, ҳамдардию таслият иброз дошт ва  ба ин хонавода калиди манзили истиқоматӣ-туҳфаи Пешвои миллатро тақдим намуд.

Гуфта шуд, ки «истиқлол, амният ва оромии Тоҷикистон бо ҷонфидоии фарзандони шуҷою ватандӯсти он ҳифз мегардад. Ҷоннисории  чунин афсарони далер далели садоқати онҳо ба савганди ҳарбӣ ва муҳаббати беканорашон ба Ватан аст. Номи онҳо ҳамеша дар хотири миллат боқӣ мемонад ва давлат ғамхории хешро нисбат ба хонаводаҳои шаҳидон ҳаргиз фаромӯш намекунад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии иҷтимоии хонаводаҳои шаҳидон ва хизматчиёни ҳарбиро ҳамеша дар маркази сиёсати инсонмеҳваронаи давлат қарор дода, ҷоннисориҳои онҳоро нишони волотарини ватандӯстӣ ва садоқат ба давлат арзёбӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 23 декабри соли 2025, соати 23:30 се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма»,  воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.   Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Январь 8, 2026 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид