ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва иқдоми дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи фарҳанг ба таври назаррас рушд карда, ин арзиши волои умумибашарӣ барои таҳкими дӯстию бародарӣ ва хештаншиносии аҳли ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Ин матлаб имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории маросими қадрдонии кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва аҳли фарҳангу санъат, ки дар баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар соли 2025 саҳми назаррас гузоштанд, баён гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки соли 2025 бо саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Инчунин аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангию маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Зимни ҳамоиш аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои ҳамкории судманд дар тарғибу ташвиқи ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки соҳаи фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таъриху маданияти миллӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин соҳаи муҳим рушд карда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Инчунин бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаю канори гуногуни мамлакат, аз ҷумла дурдасттарин ноҳияҳо иншооти фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакат дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳанг ба истифода дода шуда, 350 иншоот таъмиру навсозӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллӣ ба истифода дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






