СОҲАИ ПАХТАКОРӢ МУНОСИБАТИ ҶИДДӢ ТАЛАБ МЕКУНАД. Он ба амнияти озуқаворӣ, рушди саноати сабук ва афзоиши содирот вобаста аст

Январь 2, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи пахтакорӣ барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад, зеро он ба амнияти озуқаворӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ ва афзоиши содирот вобастагӣ дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 ба дастовардҳо ва мушкилоти даҳ соли охир, бахусус дар соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

-Сарвари давлат кишоварзонро барои заҳматҳои ҳалолашон қадрдонӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳатто дар шароити номусоиди обу ҳаво, аз ҷумла хокборишҳои шадид кишоварзони Тоҷикистон бозори истеъмолиро бо маҳсулот таъмин мекунанд ва ин кори онҳо намунаи заҳмати содиқона ва ватандӯстӣ мебошад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки истифодаи самараноки обу замин ва истеҳсоли ҳосили фаровон барои амнияти озуқавории ҷумҳурӣ муҳим аст.

Яке аз масъалаҳои калидӣ нархи ашёи хоми пахта мебошад. Нархи он бояд илман асоснок, оқилона ва бо назардошти арзиши аслии истеҳсолот муайян гардад. Ин масъала бояд ба манфиати ҳарду ҷониб: деҳқон ва заводҳои коркарди пахта хизмат кунад ва нобаробариро бартараф намояд.

Истифодаи усулҳои муосири баҳисобгирӣ, омор, пешгӯӣ, барномасозӣ ва технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ барои таҳлил ва идоракунии соҳаи пахтакорӣ муҳим аст. Ин механизми идоракунӣ имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва ҳавасмандкунии дутарафа таъмин гардад.

Ҳамчунин хавфи истеҳсолӣ, аз ҷумла камёбии об ё нокомии техника бояд тавассути суғуртаи давлатӣ ва шартномаҳои дутарафа фаро гирифта шавад. Деҳқонон бояд озодона ва дар доираи қонун кор кунанд, имконияти истеҳсолӣ ва техникаи мувофиқ дошта бошанд ва дар натиҷа фоида ва самаранокии истеҳсолотро ба даст оранд.

«Барномаи давлатии рушди инноватсионии пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» бояд маҷмуӣ, системавӣ ва барномавӣ бошад. Он бояд истифодаи илм, техника ва технологияи муосирро дар агротехника, механикакунонӣ, автоматизатсия, рақамикунӣ ва обёрии замин фаро гирад.

Мақсад аз татбиқи барнома таъмини рушди устувори пахтакорӣ, ҷойи кор барои аҳолии деҳот, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандкунии фаъолияти самараноки хоҷагиҳои пахтакор мебошад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки пахтакорӣ аз буҳрони иқтисодӣ ва истеҳсолӣ эмин монда, истеҳсолот ба сатҳи солҳои пештара баргардад ва саҳми пахта дар иқтисоди ҷумҳурӣ афзоиш ёбад.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин  ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳавасмандгардонии самаранокӣ ва таъмини муносибатҳои одилона дар соҳаи пахтакорӣ таъкид карда шуд. Ҳама чорабиниҳо бояд бо назардошти манфиати деҳқон, заводҳои пахта ва рушди соҳаи агросаноатӣ ҳамоҳанг карда шаванд.

Барномаи давлатӣ имконият медиҳад, ки ҳама соҳаҳои алоқаманд ба пахта — аз саноати сабук ва хӯрокворӣ то заминсозӣ ва обёрӣ дар низоми мувозӣ ва муносиб рушд кунанд. Ин раванд ба рушди устувори соҳаи пахтакорӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиш ёфтани бекорӣ мусоидат мекунад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҳавасмандгардонии фаъолияти самараноки хоҷагиҳои пахтакор масъалаи калидӣ мебошад. Деҳқонон бояд озодона ва бо хоҳиши худ фаъолият кунанд, бо имконияти озоди бозори омилҳои истеҳсолӣ ва техника таъмин бошанд ва натиҷаи меҳнати худро бо адолат ба даст оранд.

Ҳавасмандкунӣ ба пахтакорон имкон медиҳад, ки бо завқу ҳаваси нав ва истифодаи усулҳои илмӣ-инноватсионӣ истеҳсолоти худро беҳтар кунанд. Дар ин раванд саҳми соҳа дар иқтисоди миллӣ ва амнияти озуқаворӣ бештар мешавад.

Хулоса, соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои ҳаётан муҳим ва асосии кишоварзӣ буда, рушди устувор ва инноватсионии он барои иқтисод, иҷтимоиёт ва амнияти озуқавории давлат ҳалкунанда мебошад. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» имконият медиҳад, ки пахтакорӣ на танҳо аз буҳрони иқтисодӣ эмин монад, балки ба сатҳи баландтарини рушди устувор ва инноватсионӣ бирасад.

Барнома бояд ҳама ҷанбаҳои истеҳсол, технология, заминсозӣ, обёрӣ, ҳавасмандкунии деҳқон ва ҳамоҳангсозии соҳаҳои алоқамандро фаро гирад, то пахтакорӣ ҳамчун зерсистемаи муҳим ва стратегӣ рушд карда, аҳолӣ бо ҷойи кор ва зиндагии беҳтар таъмин гардад.

Ниёз ХУҶАҚУЛОВ,
дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 2, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд