Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар назар аст, ки зимни ҷаласаи Шуро дурнамои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо — иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардида буд.
Дар кори ин ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуда, доир ба масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






