Соли 2026 кишоварзони Тоҷикистон дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд

Январь 4, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 кишоварзони мамлакат дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз ин шумора 8145  гектар зироати равғандиҳанда дар заминҳои обёришуда ва 17 917 гектар дар заминҳои лалмӣ кишт карда мешавад.

Тибқи таҳлили иқтисодчиён, меъёри истеъмоли равғанҳои растанӣ ба ҳар нафар аҳолӣ 16,6-килограммӣ рост меояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ нақша дорад, ки истеҳсоли равғанро дар мамлакат бештар ва воридоти онро кам намояд.

Истеҳсоли равған дар Тоҷикистон солҳои охир ба 25 ҳазор тонна расонида шуда, воридоти он 98 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корами обёришаванда ва лалмии мамлакат манбаъҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ба шумор меравад. Парвариш ва истеҳсоли зироати равғандиҳандаи зағир, маъсар, офтобпараст, чормағзи заминӣ ва кунҷид аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар буда, аҳолии мамлакатро бо равғани растании истеъмолии ватанӣ ва чорворо бо маводи ғизоӣ, аз ҷумла кунҷораи серғизо таъмин менамояд.

Таҳқиқоти илман асосноки Институти зироаткорӣ ва Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳангоми парвариши навъҳои серҳосил, дорои равғаннокии зиёд дар таркиби дон ва риояи қоидаҳои агротехнологӣ гирифтани ҳосили фаровон имконпазир буда, он барои аҳолӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 4, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд