Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст

Январь 9, 2026 08:39

ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз тантанаи худшиносии миллию меҳанпарастӣ ва худогоҳию умед ба фардои неки давлат мебошад. Зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки хавфи аз байн бурдани давлату миллатҳоро дар пай дорад, бедор намудан ва таҳким бахшидани ҳисси худшиносию хештаншиносии ҷавонон ба василаи ташвиқу тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановату ибратомӯз амали саривақтӣ ва омӯзанда мебошад.

— Худшиносии миллии мардуми тоҷик, ки дар ҳама давру замонҳо ҳамчун унсури муҳимму наҷотбахши миллати тоҷик эътироф гардидааст, имрӯз дар пояи анъанаҳои суннатии мо ба таҳкиму ҳифзи бештар ниёз дорад. Агар мафҳуму мазмуни онро шартан бо формулаи мантиқию забонӣ ва таърихию фалсафии «Кӣ будам, кӣ ҳастам ва кӣ мешавам» ифода намоем, барҳақ, метавонем бо ҷустану дарёфти посухҳои гуногун ба ин савол дар ниҳоди ҳар нафари ватандӯст меҳру садоқат ба ин сарзамини биҳиштосоро боз ҳам бештар гардонем. Яъне, худшиносии миллӣ ва дарку ифтихори ҳар шахс аз он аст, ки ӯ ба кадом қавму миллат мансуб буда, хешро то кадом андоза узви ҷудонопазири ҷомеа меҳисобад ва барои имрӯзу ояндаи он чӣ нақши созгор мегузорад. Ба таври дигар, худшиносии миллӣ маънои онро дорад, ки инсон бояд таърих, фарҳанг ва анъанаҳои гузаштаи миллати худро хуб дониста, барои таҳкиму тавсеаи онҳо дар байни дигар фарҳангу миллатҳо дар доираи талаботи имрӯзу оянда ҷаҳди хастагинопазир намояд.

Рукни дигари мавҷудият ва эътирофи худшиносии миллӣ донистану қадр намудани забони поку беолоиши модарӣ – забони тоҷикӣ мебошад. Борҳо таъкид гардидааст, ки забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳимми фарҳангу давлатдории миллии мо тавонистааст дар лаҳзаҳои ҳассос миллату давлатро аз вартаи фано раҳоӣ бахшад ва болотар аз ин, аз мавҷудияти онҳо ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Тоҷик будану бо забони тоҷикӣ андеша баён намудан барои ҳар фард бояд боиси қаноатмандӣ ва сарфарозию ифтихор бошад. Аз ин ҷост, ки Президенти Тоҷикистон андешаи арзишмандашонро маҳз дар қолаби «имрӯз мардуми ҷаҳон моро бо номи тоҷик, забони моро бо номи тоҷикӣ ва давлати моро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва эътироф менамоянд» иброз дошта, ба ин васила ҳушдор медиҳанд, ки мо бояд аз ин ҳамвазнию баробармаъноӣ доиман ифтихор намуда, барои пойдорию муаррифии онҳо камари ҷасоратро сахттар бубандем. Ин ва дигар масъалаҳои ба худшиносии миллии мардуми тоҷик пайванд дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор доштанд, ки баёни чанде аз онҳоро муҳим мешуморем.

Ба хотири таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати мардум солҳои охир бо дастури Сарвари давлат чоп ва тақдими ройгони якчанд асари мондагори донишмандони тоҷик амалӣ мегардад. Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «дар ин давра 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд». Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалӣ шудани чунин иқдоми беназир аллакай самараи хуб ба бор оварда, сатҳи донишу маърифати қишри ҷавони ҷомеа хеле афзоиш ёфтааст. Мутолиаи бештари китобҳои ҳадяшуда минбаъд бояд дар ҳар хонадони тоҷик ба амали муқаррарии ҳаррӯза ва омили бартараф намудани эҳтиёҷоти маънавӣ табдил ёбад.

Тавре иброз намудем, эҳтиром гузоштан ба таъриху тамаддун ва дастовардҳои мондагоре, ки далели мавҷудият ва асолати миллати тоҷик мебошанд, ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, дар ин самт ҳамасола таъкиду дастурҳои судманд пешниҳод мегарданд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ изҳор гардид, ки бо саъю талошҳои Тоҷикистон соли сипаришаванда 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ин амал бори дигар тасдиқи он аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо мардуми моро ба расмият мешиносад, балки таъриху тамаддуни пурғановатамонро эътироф ва дастгирӣ менамояд. Пас, чаро ҷомеаи муосири тоҷик ва хосатан ҷавонони мамлакат аз арҷгузорию эътирофи чунин ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон наболанд ва ифтихори арзанда надошта бошанд?

Нуктаи дигари муҳимме, ки барҳақ, худшиносии миллии моро неру мебахшад, аз ҷониби созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо оид ба эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 мебошад. Президенти Тоҷикистон чунин эътирофи байналмилалиро «далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ» маънидод карда, ҳамагонро ба ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ даъват намуданд.

Боиси хушнудист, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз қабули қатъномаи ЮНЕСКО вобаста ба «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» ёдовар гардида, онро эътирофи адолат, озодӣ ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсонӣ унвон доданд. Хотиррасон менамоем, ки 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) қабул карда шуд. Устувонаи мазкур, ки бо хати мехӣ ва дар ҳаҷми 45 сатр дар рӯйи гили пухташуда сабт шудааст, фармони яке аз подшоҳони пештози ориёӣ Куруши II ва асосгузори сулолаи Ҳахоманишиён мебошад.

Яке аз навгониҳои муҳим ва саривақтие, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо камоли ифтихормандӣ садо дода, аз ҷониби ҷомеаи мамлакат ва аҳли зиё ҷонибдории гарму самимиро пайдо намуд, дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ буд. Таъсис додани чунин марказ дар ҳамин шароите, ки таҳдиду хатарҳо ба ҳастии таъриху тамаддун ва фарҳанги миллии мо бештар мегарданд, андешаи олӣ ва ибтикори беназир мебошад. Ин иқдом бори дигар собит менамояд, ки миллати сарбаланди тоҷик қисми ҷудонашавандаи тамаддуни ориёӣ буда, имрӯз низ аз он ба таври шоиста ва бо камоли ҷасорату мардонагӣ ҳимоят мекунад. Ҳеҷ миллат, давлат, фарҳанг ва гурӯҳҳои бегонаву иртиҷоие наметавонанд имрӯз бо фишору тазйиқҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ руҳи шикастнопазир ва дар ҷӯши таърих устуворгаштаи мардуми тоҷикро мағлуб намуда, асолату арзишҳои таърихии онро азони худ намояд. Мо имрӯз беш аз ҳарвақта сарҷамъем ва маҳз ҳамин иттиҳоду ягонагии мо, ба қавли Пешвои миллат, аз дилхоҳ яроқи ҳастаӣ пурзӯртар аст.

Дар идомаи иқдоми таъсис додани Маркази тамаддуни ориёӣ Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз бузургдошти ҷашни Наврӯз, ки чанд сол қабл бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байналмилалӣ касб намуд, ёдовар гардида, решаҳои зуҳури онро ба таърихи шашҳазорсола пайванд доданд. Дастур дода шуд, ки «бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад». Ҷашни Наврӯз, ки воқеан, тантанаи таърихсолории миллати тоҷик буда, расму суннатҳои хоссаи моро дар худ таҷассум менамояд, метавонад ҳамчун таҳкимбахши худшиносии миллии ҷавонон дар тарбияи маърифати таърихиву фарҳангии онҳо ҷойгоҳи махсус дошта бошад.

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бар замми фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти рӯзмарраии мардуми тоҷик ҳамчунин пайғоме буд, ки аз ояндаи неку дурахшони миллату давлат мужда медод. Он дурнамоест, ки бо ёдоварию ифтихор аз таъриху тамаддуни гузашта минбаъд ба таҳкиму усто мекунад. Аз ин рӯ, амалӣ намудани нуктаҳои меҳварии он бояд сармашқи фаъолияти ҳар фарди ватандӯст қарор дошта бошанд, то тавонем зери роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ба ормонҳои миллии хеш даст ёбем.

Ҳамрохон ДӮСТЗОДА,
директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2026 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — намунаи барҷастаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
САДА — ҶАШНИ СУННАТИИ КИШОВАРЗОН. Он мардумро ба покизагӣ, некандешӣ, ватандӯстӣ ва дӯстию рафоқат ҳидоят менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст
2 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 филмҳои миллӣ дар платформаи нави синамоии «tojikfilm.tv» намоиш дода мешаванд
Китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба нашр расид
НИЗОМИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Аз 1 июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ мегардад
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Ҷашни Сада оинаест, ки дар он таърих, фарҳанг, фалсафа ва ахлоқи мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст»