ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли 2026 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи умумибашарӣ –аз дирӯз то имрӯз» Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад. Дар он олимону муҳаққиқон аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик иштирок менамоянд. Дар ин хусус дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» санъатшинос, доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аскаралӣ Раҷабов иттилоъ дод.
Интизор меравад, ки дар ин симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд донишмандону муҳаққиқони кишварҳои хориҷӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба таҳқиқи осори тамаддуни ориёиро баррасӣ намоянд.
Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи умумибашарӣ –аз дирӯз то имрӯз» дар робита ба дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди дар пойтахти Тоҷикистон– шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ баргузор мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки 20 сол муқаддам- соли 2006 дар Тоҷикистон «Соли арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ» эълон гардида, он бо тантана ҷашн гирифта шуд. «Соли тамаддуни ориёӣ» дар соли 2006 қадами муҳим дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ба эҳё ва таҳкими арзишҳои қадимии ориёӣ нигаронида шуда буд.
Ин иқдом нақши таърихиро дар эҳёи фарҳанги моддӣ ва маънавии ориёии тоҷикон таъкид намуда, тавассути чорабиниҳои фарҳангӣ бо мақсади таҳкими арзишҳои миллӣ, таърихию фарҳангӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар ин самт, бахусус эҳёи арзишҳои бостонии ориёӣ, иштироки муассири давлат ва ҷомеа ба рушди фарҳанг ва илм ва пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи ҳувияти миллии тоҷик равона шуда буд. Ин ташаббус баёнгари аҳамияти бузурги таърихи бостонии ориёии тоҷикон дар сиёсати давлатии фарҳангӣ буда, барои иқдоми нави фарҳангӣ- истиқболи ташаббуси бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ замина гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






