35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаҳои саноатӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анқо Инвест» дар 3 гектар корхонаҳои бузурги забҳи мурғ, тозакунӣ ва бастубанди маҳсулот бунёд мешаванд.
Дар корхона таҷҳизоту технологияҳои муосири давлатҳои Чин, Швейтсария ва Федератсияи Русия васлу насб карда мешаванд. Инчунин аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анқо Инвест» корҳои барориши чӯҷа, парвариши мурғ то истеҳсоли гӯшт ба роҳ монда хоҳад шуд.
Баъди ба фаъолият оғоз намудани ин корхона, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд мешавад, 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов барои таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонӣ корхонаи истеҳсоли ширеши сохтмонӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газоблок фаъолият мекунад. Корхонаи истеҳсоли газоблок дар айни замон фаъолияти муназзам дошта, маҳсулоти он барои бунёди иншооти таъйиноти гуногун васеъ истифода мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






