35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 6640 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст

Февраль 2, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 6640 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар вилоят тибқи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ шуда, то имрӯз 106 фоизи нақша иҷро гардидааст. Ҳаҷми умумии маблағгузории 380 иншооте, ки аз нақша зиёд ба истифода дода шуд, 5,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нақшаи солона 2,3 баробар зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар идомаи иқдоми созандагӣ зиёда аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои маориф, томактабӣ, тандурустӣ ва беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкорон бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Февраль 2, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд