Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» истифода набаред!»
ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии «Тоҷикстандарт» ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки дар асоси мактуби хаттии ширкати «DANONE» истеҳсолкунандаи маҳсулот зери тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка», инчунин муроҷитаи расмии ширкати воридкунанда Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рушон» якчанд маҳсулоти марҳилаи муайяни тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» аз муомилот бозхонд ва аз нуқтаҳои савдо гирифта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.
Вобаста ба ин Агентӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки аз марҳилаи маҳсулоти ширии кӯдаконаи ширкати «DANONE» бо тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка», ки дар рӯйхати зер нишон дода шудааст: NUTRILON PREMIUM 1400 гр партияҳои 20261119, 20260808; NUTRILON PREMIUM 2400 гр партияҳои 20260812, 20261014, 20261125, 20261222; NUTRILON PREMIUM BIG 1600 гр партияҳои 20260807, 20260912, 20261112, 20261210; NUTRILON PREMIUM BIG 2600 гр партияҳои 20260808, 20261009, 20261112, 20261210, 20261230; MALYUTKA 1 GOLD 600 гр партияҳои 20260808, 20261111, 20261210, 20261230; MALYUTKA 1 GOLD 300 гр марҳилаҳои 20260806, 20261014, 20261203, 20270107 истифода набаранд ва онҳое, ки аллакай харидорӣ кардаанд, бозпас гардонанд.
Тибқи иттилои ширкати истеҳсолкунандаи «DANONE», дар таркиби марҳилаи муайяни маҳсулоти мазкур вуҷуд доштани токсини сереулид эҳтимол дорад.
Ёдовар бояд шуд, ки бинобар тавсияҳои таҳаввулёбандаи Идораи бехатарии озуқавории Аврупо ва ҷиҳати риояи пурраи принсипҳои эҳтиётӣ ширкати истеҳсолкунанда тасмим гирифт, ки бозхонди ихтиёрӣ ва пешгирикунандаи маҳсулотро дар марҳилаи мазкур ба роҳ монад.
Дар робита ба ин, кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» бо намояндагони ширкати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушон», ки воридкунандаи маҳсулоти «Нутрилон» ва «Малютка» ба мамлакат мебошад, кор бурда, миқдори зиёди маҳсулоти мазкурро аз муомилот гирифтанд.
Қатъи истифода ва фурӯши маҳсулоти ширкати «DANONE» бо тамғаи «Нутрилон» ва «Малютка» танҳо ба партияи маҳсулоти зикршуда марбут мебошад.
Шаҳрвандон метавонанд аз дигар партияи истеҳсолшудаи ин маҳсулот харидорӣ ва истифода намоянд.
Тасмими ширкат ба хотири ҳимояи беҳдошти мардум буда, аз шаҳрвандон ва истеъмолкунандагон хоҳиш менамояд, ки барои бозпасгардонидани марҳилаи ин маҳсулот ба рақамҳои зерин: — шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ: +992 934444899, +992 939998153, вилояти Суғд: +992 934444899, вилояти Хатлон: +992 934444899, +992 9388004954 тамос гиранд.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид






