Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар вилояти Суғд ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иштирокчиён аз дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки мушкилоти гуногуни муқовимат ба савдои одамон имрӯз дар ҷаҳон ба яке аз муаммоҳои ҳалталаб табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ корбарии дастҷамъона ва фаъолияти босамари комиссияҳои байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳо метавонад ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода роҳу усулҳои пешгирикунанда ва механизми муосири корбарӣ ва муқовимат ба савдои одамонро мавриди баррасӣ қарор дод. Иброз гардид, ки афзоиши амалҳои номатлуби савдои одамон боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва паст гардидани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Таъкид шуд, ки бояд муқовимат ба савдои одамон, муносибат бо қурбониёни савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва дигар паҳлуҳои муҳими марбут ба ин самт дар меҳвари фаъолияти комиссияҳо, масъулини дахлдор ва дар маҷмуъ аҳли ҷомеа қарор гирад.
«Дар замони муосир савдои одамон бо шаклу намудҳое, ба мисли меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, истисмори иқтисодӣ, хизматрасониҳои маҷбурӣ зуҳур карда, объекти ин гуна ҷиноятҳо озодии шахсии инсон мебошад», – изҳор шуд зимни ҷаласа.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёри конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд.
Масъалаи дигаре, ки дар ҷараёни ҷаласа ба он таваҷҷуҳ карда шуд, ин ба ҳаёти осоишта баргардонидани шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ гумонбар ва гумроҳшудагони тасодуфӣ бо истифода аз сабукиҳои дар қонунҳои амалкунанда пешбинишуда буд. Дар ин самт дастур дода шуд, ки дар минтақаҳо ҳарчи бештар корбарӣ ба роҳ монда шавад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






