«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ — неруи пояндаи давлат» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Меҳмонон бо намоиши ҷузъу томҳои қисми ҳарбӣ, бозиҳои шавқовари варзишии футболу волейбол ва шоҳмот, инчунин толори варзишӣ, ошхона ва ҷойи хоби сарбозон шинос шуда, бо чанд сарбоз доир ба рафти хизмат дар сафи Артиши миллӣ суҳбат карданд. Ҳамчунин барои бозиҳои варзишӣ ба афсарону сарбозон туҳфаҳо, аз қабили тӯбҳои футбол ва волейбол, шоҳмоту шашка ва либосҳои варзишӣ тақдим гардиданд.
Иброз гардид, ки сарбозону афсарони шуҷои Ватан дар таъмини сулҳу субот ва ҳимояи марзу буми мамлакат нақши созгор доранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавонмард боиси ифтихор ва шараф мебошад, зеро хизмат мактаби мардонагиву ватансозист. Хушбахтона, имрӯз бо талошҳои ҳамаҷонибаи Президенти Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ барои афсарону сарбозон шароити созгор таъмин мебошад.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, ки “сол аз сол шароит ва имконияти моддию техникӣ дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар мегардад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон дар шароити бисёр мураккаби сиёсию иқтисодӣ таъсис шудаанд. Бо гузашти 33 сол сохторҳои низомии мо бо шароити муосири техникию тактикӣ таъмин гардида, рисолати худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро менамоянд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ҷавонмардии ҳар фарди соҳибмеҳан мебошад”.
Зимни ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ як зумра афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қадршиносӣ гардиданд.
Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои афсарону сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дастархони идона ороста шуда, бо барномаи фарҳангӣ хотири хизматчиёни ҳарбӣ шод гардонида шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд






