Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, ки ин ба беҳтар гардидани шароити моддию техникӣ ва сифати таълим мусоидат намуд.
Тавре дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ изҳор дошт, «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2025 «Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026–2030»-ро қабул кард. Ҳадаф аз ин барнома ҳалли мушкилоти асосии соҳаи таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, устохонаҳо ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, рақамикунонии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ мебошад».
Бо мақсади идомаи сохтмони иншооти нотамоми дар тавозуни кумита қарордошта аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои сохтмони асосӣ ба андозаи 5 миллиону 850 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Ин маблағҳо барои идомаи сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ноҳияҳои Фархор, Муъминобод, Балҷувон, Рашт ва Ванҷ дар соли 2025 ва идомаи корҳои сохтмонӣ дар соли 2026 пешбинӣ шудаанд.
«Соли 2025 аз ҳисоби Лоиҳаи кумаки Иттиҳоди Аврупо корҳои таъмиру барқарорсозии биноҳои 16 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба анҷом расид. Ҳамзамон аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмон ва таҷдиди бинои 9 муассисаи соҳавӣ, аз ҷумла Маркази таҳсилоти омӯзиши касбӣ дар ноҳияҳои Темурмалик, Панҷ, Фархор, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии ноҳияи Зафаробод ба нақша гирифта шудааст»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Ҳамзамон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи сохтмони бинои Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод ва Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар идома дошта, лоиҳакашии бинои Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Деваштич ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон соли 2025 таъмири асосии Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва хобгоҳи Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш ба анҷом расида, ин биноҳо бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд.
Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки бо мақсади рушди базаи моддию техникӣ ва таъмини шароити мусоиди таълимӣ лоиҳаҳои кории сохтмони биноҳои иловагӣ барои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе (6 ошёна бо таҳхона) ва Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ба анҷом расида, лоиҳакашии бинои Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ва бинои нави Литсейи касбии техникии ноҳияи Деваштич идома дорад.
Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устохонаи Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо тамоми таҷҳизот, навбати аввали бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Рашт иборат аз 2 ошёна ва 10 синфхонаву устохона, инчунин бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор, иборат аз 2 ошёна ва таҳхона бо 12 синфхона ва устохона ба истифода дода мешаванд».
Ҳамзамон соли 2026 сохтмони бинои комплекси Литсейи касбии техникии ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод ва Фархор идома ёфта, ҳамчунин ошёнаи дуюми бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Ванҷ сохта мешавад.
«Ғайр аз ин, бомпӯши Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова пурра иваз карда шуда, хобгоҳҳо ва биноҳои таълимии коллеҷҳои омӯзгории шаҳрҳои Ҳисор, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Зафаробод пурра аз таъмир бароварда мешаванд.
Бинои хобгоҳи Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳристон пурра таъмир карда шуда, ба бинои таълимии ин муассиса хати гармидиҳӣ гузаронида мешавад. Ин ҳама шароити таълим ва зиндагии хонандагонро боз ҳам беҳтар мегардонад»,-илова намуд Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад






