Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ барои лоиҳаи «Такмил додани таҷҳизот барои сканеркунии мол дар гумруки Спитамен дар масири байналмилалии долони нақлиётии Транскаспӣ» шартнома ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар меҳвари мулоқоти роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Душанбе «Лоиҳаи беҳтаргардонии таҷҳизоти сканеркунии бор дар нуқтаи назорати гумрукӣ дар ноҳияи Спитамен-Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар масири хатсайри байналмилалии долони Транскаспӣ» қарор гирифт. Зимни он ба корҳои таҳқиқотии мутахассисони ҷопонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир гардид.
Гурӯҳи корӣ аз ҷониби JICA инчунин масъалаи гузаронидани таҳқиқоти муфассал ва такмили ин лоиҳаро бо мақсади рушди инфрасохтори сканеркунии гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки баргузории тендер оид ба харид ва таъмини таҷҳизоти сканеркунӣ дар моҳи майи соли 2026 дар назар дошта шудааст. Таъкид шуд, ки муҳлати истеҳсоли таҷҳизоти мазкур пас аз анҷоми расмиёти тендер тақрибан 11 моҳро дар бар мегирад.
Иброз гардид, ки гурӯҳи таҳқиқотии JICA қаблан ду маротиба — солҳои 2024 ва 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти саҳроӣ анҷом додааст. Дар натиҷаи ин таҳқиқот дар Ҷопон корҳои тарҳрезии аввалин ва арзёбии иқтисодии лоиҳа ба анҷом расиданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд






