Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 14.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар доираи ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев баргузор гардид, байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази рушд ва ҳавасмандгардонии содирот «Қирғиз Экспорт»-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратӣ аз ҷониби Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода ва Директори Маркази рушд ва ҳавасмандгардонии содирот «Қирғиз Экспорт» Урмат Такиров ба имзо расонида шуд.
Имзои Ёддошти тафоҳум дар партави сиёсати хирадмандонаи ду роҳбари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров амалӣ гирифт. Ин иқдом равандҳои ҳамкории тиҷоратӣ ва содиротиро байни ду кишвар тақвият дода, заминаи нави ҳамкории иқтисодиро фароҳам меорад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






