«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Дар ин хусус 10 феврал сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Барнома ба таҳкими заминаҳои техникию технологӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият, содагардонии раванди пешниҳод намудани хизматрасониҳо ва гузариш ба низоми рақамии фаъолияти мақомоти иҷро равона карда шудааст. Татбиқи босамари он имконият медиҳад, ки фаъолияти мақомоти иҷро ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардида, сатҳи хизматрасониҳои давлатӣ боло равад.
Ҳамзамон Хадамоти иҷро оид ба масъалаи гузариш ба низоми рақамикунонии соҳа ва татбиқи ҳукумати электронӣ ба таври ҷиддӣ корбарӣ намуда, дар ин самт ҳамкории судмандро бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба роҳ мондааст.
Низоми электронии ҳуҷҷатҳо байни мақомоти давлатӣ тавассути низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ /edo.innovation.tj/ дар дастгоҳи марказии Хадамоти иҷро пурра ба роҳ монда шуда, барои пайвастшавии сохторҳои ҳудудӣ корбарӣ идома дорад.
Бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Хадамоти иҷро якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ лоиҳаи «Тартиби амалисозии лоиҳаи озмоишӣ вобаста ба ҷорӣ намудани низоми ситониши қарз тавассути системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд.
Лоиҳа бо мақсади пешбинӣ кардани чаҳорчӯбаи танзимотӣ барои амалӣ намудани лоиҳаи озмоишӣ дар самти рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ва баланд бардоштани самаранокии ситониши қарзҳо таҳия карда шудааст. Он хусусияти амалисозии фаъолияти низоми дахлдорро оид ба рақамикунонии истеҳсолоти иҷро дар фаъолияти иҷрочиёни Хадамоти иҷро, ситониши саривақтии қарз, ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокдорон ва дигар самтҳои фаъолиятро дар доираи реҷаи махсуси танзимӣ муқаррар ва танзим менамояд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»






