Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» дар шаҳри Краснодар дар муаррифии шоистаи фарҳанг, санъати меъморӣ ва арзишҳои миллии тоҷикон нақши муассир дорад. Ин макони фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакории суннатӣ, ороишоти миллии меъморӣ, таомҳои миллӣ ва пеш аз ҳама, унсури волои фарҳанги мо — меҳмоннавозии тоҷикона таваҷҷуҳи сайёҳон ва сокинони маҳаллиро ба худ ҷалб намудааст, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҳамарӯза даҳҳо нафар намояндагони халқият ва миллатҳои гуногун ба чойхона омада, дар баробари фармоиш ва истеъмоли таомҳои лазизу хуштаъми миллӣ бо таъриху фарҳанг, табиати нотакрор ва манзараҳои афсункори Тоҷикистони биҳиштосо шинос мешаванд.
Деворҳои чойхона бо нақшу нигори зебои тоҷикӣ, унсурҳои кандакории миллӣ ва мусаввараҳои манзараҳои кӯҳистони Тоҷикистон оро ёфта, муҳити гарму дилнишин ва фазои фарҳангӣ фароҳам овардаанд. Ин ороишот на танҳо ҷолиби диққат, балки муаррифи ҳунари волои меъморӣ ва зебоишиносии мардуми тоҷик мебошанд.
Дар чойхона ҳамарӯза аз ҷониби ошпазон ва нонпазони соҳибтаҷриба таомҳои маъруфи миллӣ, аз қабили оши палов, қурутоб, шакароб, инчунин навъҳои гуногуни нону кулчақандҳои суннатӣ омода гардида, ба мизоҷони сершумор пешниҳод мегарданд. Сифати баланд ва маззаи хоси ин таомҳо боиси афзоиши доимии муштариён шудааст.
Чойхона бо саҳми соҳибкори тоҷик бо ҳадафи муаррифии фарҳанг, санъати меъморӣ, маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ва таомҳои миллии тоҷикӣ бунёд гардидааст. Он имрӯз ба маркази муҳими фарҳангӣ ва муаррифи миллати тоҷик дар шаҳри Краснодар табдил ёфтааст.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






