Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ — омили бақо ва устувории пояҳои давлатдорӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мунир Сафарзода дар ҳамоиш иброз дошт, ки Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба таҳкими ҳувияти миллӣ, ваҳдату субот, созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли ояндасоз равона гардидааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи пурифтихори миллат аҳамияти ҳаётан муҳим касб намуда, худшиносии миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдории миллӣ хизмат мекунад. Миллате, ки гузашта ва арзишҳои худро амиқ мешиносад, метавонад ояндаи худро бо иродаи қавӣ ва эътимоди устувор бунёд намояд. Аз ин рӯ, тарғиби худогоҳии миллӣ дар муҳити донишгоҳ на танҳо вазифаи касбӣ, балки рисолати ахлоқӣ ва шаҳрвандии ҳар омӯзгор арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамоиш оид ба нақш ва ҷойгоҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ, муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва иқдоми созанда маърузаҳо шунида шуданд.
Иштирокдорон арзишҳои соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ва ҳифзу гиромидошти он, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро баррасӣ намуданд.
Масъалаи бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин Маркази байналмилалии Наврӯз мавриди муҳокима ва омӯзиш қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ, гиромидошти Наврӯз ҳамчун мероси умумибашарӣ ва бунёди марказҳои илмӣ-фарҳангӣ дар пойтахт ҳамчун рамзҳои худогоҳии миллӣ барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






