Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ фаъолият менамоянд

Февраль 2, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 6 факултет, 30 кафедра, 5 бинои таълимӣ бо 135 синфхона, хобгоҳи замонавӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, маҷмаа ва майдони варзишӣ, 16 синфхонаи компютерӣ, кабинети лингафонӣ, лабораторияҳои тахассусӣ, толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ фаъолият менамоянд. Дар ин хусус 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2025 ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Муминзода  ба рӯзноманигорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди таълим дар донишгоҳ зиёда аз 2600 компютер ва таҷҳизоти техникии муосир мавриди истифода қарор дорад.

Дар нишаст иброз гардид, ки дар донишгоҳ таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани сифати таҳсил, такмили раванди таълиму тарбия, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ, густариши фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи касби ҳайати омӯзгорон равона гардидааст.

Ректори донишгоҳ ҳамчунин ба саволҳои рӯзноманигорон бобати бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунандагон, дастгирии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, имтиёзҳо ба донишҷӯёни аълохон, истифодаи зеҳни сунъӣ дар донишгоҳ, табодули академӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, фаъолияти клиникаи ҳуқуқӣ, татбиқи таҳсилоти дуалӣ ва таъсиси марказҳои рушди касбият, вусъат додани созандагию бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои мубрам посух дод.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Февраль 2, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид