Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд

Февраль 17, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, гумрук, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳо аз мавзуъҳои асосии ҷаласа буд.

Тавре таъкид шуд, ба шарофати сиёсати созанда ва иродаи қавии роҳбарони ду кишвари дӯсту бародар, имрӯз муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо рушди назаррас дошта, халқҳои мо дар фазои дӯстиву бародарӣ зиндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки маҳз дар заминаи иродаи қавӣ ва эҳтироми ҳамдигариву ҳампаймонӣ, имрӯз муносибатҳои дуҷониба дар фазои дӯстӣ сурат мегиранд. Ин аст, ки дар соли 2025 ҳаҷми тиҷорат байни кишварҳо ба 718,3 миллион доллари амрикоӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 22,5 дарсад зиёд мебошад.

Зимнан, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гардиши тиҷорат то 2 миллиард доллар афзоиш дода шавад.

Ҷонибҳо иброз намуданд, ки тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноат яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо боқӣ мемонад.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протокол оид ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.

 

Инчунин дар ҳошияи ҷаласа Сарвазири кишвари мо Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ширкати  “Ғаюр-Пак” ва корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳандаи “Ғаюр Корея Технолоҷи” шинос шуданд.

Корхонаи “Ғаюр Пак» дар асоси технологияи муосир фаъолият дорад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 50 миллион дона халтаи полипропиленӣ мебошад.

Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда бошад, истеҳсоли беш аз 100 номгӯи маҳсулотро ба роҳ мондааст. Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ 1 миллиону 200 ҳазор дона дар як сол буда, маҳсулоти он, асосан, барои таъмини талаботи бозори дохилӣ равона гаштааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд