Дар Душанбе оид ба молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя машварати байналмилалӣ оғоз гардид

Февраль 2, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳамкории муштараки Тоҷикистон ва Туркия: Молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя барои оянда» бо иштироки коршиносони Ҷумҳурии Туркия машварати байналмилалии омӯзишӣ оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Машварат бо ташаббуси Вазорати молия ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТIKA) доир гардида, дар он аз ҷониби олимони сатҳи баланди байналмилалии Агентии Туркия барои намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Бонки миллӣ, бозори коғазҳои қиматнок, бахшҳои бонкӣ ва суғурта, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ машваратҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Зимни ифтитоҳи машварат муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён иброз дошт, ки «рушди бозори сармоя ва ҷорӣ намудани воситаҳои молиявии исломӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории дарозмуддат дар ҷумҳурии мо имконияти нав фароҳам меоранд».

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози барномаи TIKA Иброҳим Унал изҳор доштанд, ки Туркия омода аст таҷрибаи муваффақонаро дар соҳаи молияи исломӣ мубодила намуда, шарикиро бо Тоҷикистон дар ин самти муҳим дастгирӣ намояд. Машварат дар тақвияти ҳамкории дуҷониба ва ташаккули пойгоҳи касбӣ барои татбиқи воситаҳои устувори молиявӣ қадами муҳим мебошад.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами таъкид намуд, ки маблағгузории рушди устувор дар Тоҷикистон таввасути ҷалби сармояи «сабз», вомбаргҳои исломӣ ва ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор амалӣ мегардад.

«Имрӯз мо марҳилаи наверо дар рушди институтсионалии бозори сармоя ва баланд бардоштани салоҳияти касбии мутахассисон оғоз менамоем. Рушди бозори сармоя ва ҷорӣ намудани воситаҳои молиявии исломӣ қисми ҷудонашавандаи стратегияи дарозмуддати низоми молиявии мамлакат мебошанд. Ҳадафи мо на танҳо ба даст овардани таҷрибаи байналмилалӣ, балки мутобиқ намудани он ба шароити миллӣ, бунёди бозори устувор, шаффоф ва рақобатпазири коғазҳои қиматнок мебошад. Воситаҳои молиявии исломӣ метавонанд ба манбаи муҳими маблағгузории дарозмуддат барои иқтисоди Тоҷикистон табдил ёбанд»,-гуфт дар машварат директори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молия Нигина Абдураҳмонзода.

Машварати омӯзишӣ то 6 феврал идома ёфта, дар он асосҳои иқтисодиёт ва молияи исломӣ, бонкдорӣ ва суғуртаи исломӣ, бозорҳои сармоя ва молияи исломӣ, шароити институтсионалӣ ва ҳуқуқии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва дурнамои татбиқи воситаҳои молияи исломӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.

Пас аз анҷоми машварати омӯзишӣ ба иштирокчиён шаҳодатномаҳо супорида мешаванд.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 барои тавсеаи бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва корпоративӣ, ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз», ташкили бозори такрории фаъолу шаффофи онҳо ва таҳияи Стратегияи рушди бозори сармоя вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд.

Ин чорабинӣ барои рушди минбаъдаи молияи исломӣ ва бозори коғазҳои қиматноки ҷумҳурӣ, инчунин таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия заминаи устувор фароҳам меорад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд