Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мегардад

Февраль 7, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар маҳалли терминали парвозҳои маҳаллии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали нав оғоз меёбад. Дар ин хусус Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Зайнулло Шарифзода зимни нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки терминали нав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе давоми 2 сол сохта шуда, иқтидори солонаи он хизматрасонӣ ба 2 миллион мусофирро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои навсозӣ ва ба шароити муосири хизматрасонӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешад.

Майдони хокии давра ба фурудгоҳи байналмилалии муосир табдил ёфт

Бояд тазаккур дод, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар ибтидо як майдони хокии давра бо радиуси 800 метр ва як заминкани бо қамиш пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори муосир расид. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд.

Рушди инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат

Дар солҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат, аз ҷумла Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рушд намуда, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд.

Бунёди терминалҳои муосир барои мусофирон ва боркашонӣ

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои мусофирон терминали муосир сохта шуда, он соли 2014 дар Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Инчунин моҳи июни соли 2018 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали нави муосири боркашонӣ ба анҷом расида, ба кор шуруъ кард. Ҳамзамон соли 2018 толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд, ки бозгӯи дастгириҳои Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи ҳавонавардӣ мебошад.

Бунёди манораи нави назоратӣ

27 июни соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ – танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», ки баландиаш 41,23 метр аст, мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ маҳсуб мешавад. Он мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст.

Тамоми таҷҳизоти кории манораи назоратӣ-танзимнамоӣ аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсолии Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймоию чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд.

Қабули Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ

30 августи соли 2024 бо қарори Ҳукумати мамлакат «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул гардид. Ҳадафи он таъмини бехатарии ҳаёту саломатии мусофирон, ҳайати парвозӣ, кормандони рӯйизаминӣ, ҳифзи киштиҳои ҳавоӣ, иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо, бозомӯзии ҳайати кормандони хадамоти бехатарии фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Барнома инчунин ба баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва афзудани эътимоднокии шарикони хориҷӣ барои ҳамкории судманд ва шаффоф вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

Февраль 7, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид