Дар Хатлон ҷаласаи якуми Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах баргузор шуд

Февраль 9, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 09.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб вазифадор гардиданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин харитаи мавзеъҳои эҳтимолии паҳншавии малахро таҳия намуда, коркарди техникиро дар ин минтақаҳо ба роҳ монанд. Корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар се марҳила гузаронида мешаванд. Дар ин хусус имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зимни ҷаласаи якуми Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар ҷаласа инчунин масъулин ҷиҳати таъмиру омодасозии техникаю мошинолот, таъмини сӯзишворӣ ва захираи кофии заҳрхимикатҳои сахттаъсир вазифадор гардиданд.

Таъкид гардид, ки бо назардошти мушоҳида шудани паҳншавии малахи марокашӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон, аз имрӯз сар карда бояд тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирӣ ва нест намудани ин ҳашароти зараррасон андешида шаванд. Зеро малах метавонад ба майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзор зарари ҷиддӣ расонад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид масъулинро вазифадор намуданд, ки омодагиро ба мавсими мубориза бар зидди малах пурзӯр намуда, иҷрои саривақтии чорабиниҳоро таъмин намоянд. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳоти осебпазир ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ фаъолияти худро ҷиддӣ ба роҳ монанд ва ҳамоҳангсозии корҳоро таъмин кунанд.

Ба иттилои мутахассисон, ин навъи малах бештар дар минтақаҳои дастнорас тухм гузошта, баъдан аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва заминҳои кишоварзӣ ҳаракат мекунад, ки сари вақт андешидани тадбирҳоро тақозо менамояд.

Бо мақсади пешгирӣ аз хуруҷи оммавии малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон ҳамасола Ситоди мубориза таъсис дода шуда, барои таъмини саривақтии корҳо заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас карда мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Февраль 9, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд