Дар назди Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд

Февраль 9, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳруии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд. Дар ин хусус Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки самти фаъолияти «Маркази ҳифзи маълумот» ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизмҳои ҳифзи барномавӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Ба андешаи Хуршед Мирзо, ин иқдом ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, шаффофият ва устувории низомҳои иттилоотӣ мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад