Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди донишгоҳ шурои диссертатсионии 6D.КОА–117 аз рӯйи самти забоншиносӣ ва кори тарҷумонӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар он муҳаққиқон метавонанд дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), номзади илмҳои филологӣ ва доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисосҳои назарияи забон, забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ, инчунин назария ва амалияи тарҷумаро ҳимоя ва дарёфт намоянд.
Ҳамзамон дар назди донишгоҳ шурои диссертатсионии 6D.КОА–118 аз рӯйи самти адабиётшиносӣ таъсис ёфтааст. Дар он муҳаққиқон метавонанд дараҷаҳои илмии PhD, номзад ва доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисосҳои адабиёти тоҷик, равобити адабӣ, назарияи адабиёт ва сабкшиносиро ҳимоя ва дарёфт намоянд.
Иброз гардид, ки таъсиси ду шурои диссертатсионӣ дар донишгоҳ барои рушди илми тоҷик имконияти нав фароҳам меорад.
«Яке аз иқдоми асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони ташаккул додани илми ватанӣ мебошад. Аз ин рӯ сифати хуби рисолаҳои диссертатсионӣ тавассути ташхиси дурусти диссертатсияҳо ва муҳокимаи комилу муҳокимарониҳои ҷиддӣ дар назди кафедраҳо ба даст меояд», – баён гардид зимни муаррифии шуроҳои диссертатсионӣ.
Таъкид шуд, ки муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар, муқарризони ғайрирасмӣ ва дигар чеҳраҳо бояд ба рисолаҳои илмӣ бо нигоҳи таҳқиқ баҳо диҳанд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд






