Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад

Февраль 26, 2026 08:35

ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ давоми солҳои 2022–2025 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми соҳибкорону сокинон 735 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 243 миллиону 841 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, соли равон бунёди боз 200 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, дар шаҳраки Суғдиён бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад. Баъди ба истифода додани кӯдакистон 300 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда,  30 ҷойи нави кор таъсис меёбад.

Дар шаҳраки Бӯстон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 таъмиру навсозӣ мегардад. Баъди ба истифода додани он барои 450  кӯдак шароити мусоид фароҳам омада, 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Инчунин дар деҳоти Оббурдон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 5 барои 480 кӯдак идома дорад. Ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳ 12 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав фарогирии кӯдакон бештар мегардад.

Дар баробари ин дар деҳоти Палдорак сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 дар арафаи анҷомёбӣ аст. Мактаб барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин дар маҳалли «Деҳқонобод»-и шаҳраки Бӯстон сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 барои 1000 хонанда дар ду баст идома дорад.

Бинои нави беморхонаи марказии ноҳия низ аз ҷумлаи иншооти муҳими ҷашнӣ буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад.

Дар бахши саноат низ корҳои назаррас анҷом меёбанд. Бунёди корхонаи хиштбарорӣ бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷаъфар-2014» барои истеҳсоли то 100 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз пешбинӣ шудааст. Ин иқдом ба таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонӣ ва афзудани нишондиҳандаҳои соҳаи саноат мусоидат менамояд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободонию созандагӣ густариш меёбанд. Бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ барои рушди минбаъдаи ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи устувор фароҳам меорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ 

Февраль 26, 2026 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд