Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Февраль 23, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат такягоҳи давлат, ҳифзкунандаи фазои амну суботи сарзамин ва неруи эътимодбахши зиндагии осоишта мебошад.

Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, шароити муносиб барои афсарону сарбозон фароҳам гардидааст.

Имрӯз ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки дар радифи таҳсили муваффақона дар донишгоҳу донишкадаҳо ҳамчунин ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ворид шуда, дар ин мактаби мардонагӣ ва нангу номуси миллӣ адои хизмат намоянд. Ин мактабе аст, ки ҷавононро дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муҳими ватандӯстӣ ва эҳтирому садоқат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

 

 

Февраль 23, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид