Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд

Февраль 13, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ҷаласаи намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» доир гардид, ки дар он Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иброз шуд, ки таъсиси Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шароит фароҳам меорад, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда аз тамоми имконият истифода намуда, ҷавонон ба чорабиниҳои гуногуни ҳизбию давлатӣ бештар ҷалб карда шаванд.

Таъкид гардид, ки таъсиси ин намояндагӣ дар вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки инсониятро ба ташвиш овардаанд, саривақтӣ аст. Чунин вазъ тақозо менамояд, ки тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас дар чаҳорчӯби танзими меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.

«Ҷавонони Тоҷикистон неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Ғамхорӣ дар ҳаққи ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дуруст аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд», – баён гардид зимни ҷаласа.

Дар охир ба як зумра фаъолони аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим карда шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Февраль 13, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад